«Ҷомеаи солим» - чунин унвон гирифтааст лоиҳае, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо мақсади саҳм гузоштан дар ҳифзи табиат, риояи тозагии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва омӯзонидани маҳорат ва малакаи расонидани кумаки аввалин ба осебдидагони офатҳои табиӣ ҳангоми сар задани заминларзаи шадид, фаромадани тарма, ярч, омадани сел ва дигар офатҳо дар водии Рашт амалӣ месозад.
Дастандаркорони лоиҳа бо кумаки ихтиёриён дар ин минтақа корҳои хайри зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Суҳбати мо бо мененҷери лоиҳа Дилором Мирова атрофи дастовардҳои лоиҳаи мазкур аст.
- Дилором Саидовна, метавонед дар бораи муваффақиятҳои лоиҳа каме маълумот диҳед?
- Лоиҳаи «Ҷомеаи солим» тӯли чанд сол боз бо ҷалби ихтиёриён-волонтёрҳо дар минтақаи навоҳии водии Рашт амалӣ мешавад ва дар маҷмуъ 40 деҳаро фаро гирифтааст. Дар деҳаҳои зери ҳадаф қарордошта алакай корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла дар 2 деҳаи ноҳияи Сангвор ва 1 деҳаи ноҳияи Лахш партовгоҳҳои махсус ташкил кардем. Ихтиёриён назорат карда меистанд, ки мардум ҳар гуна партовҳоро ба дарё ва гирду атроф напартофта, ба партовгоҳ партоянд. Бо кумаки ихтиёриён мо пайваста дар байни мардуми маҳаллӣ дар боби ҳифзи саломатӣ, тозагии муҳити зист, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ вохӯрию суҳбатҳо мегузаронем ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем. Туфайли чунин ҷамъомадҳо мардуми маҳаллӣ натанҳо дар боби тозагии муҳити зист ва таъсири он ба саломатии аҳолӣ маълумот пайдо карданд, балки дар самти расонидани кумаки аввалин ба зарардидагони офатҳои табиӣ низ таҷриба ҳосил намуда, қобилияти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаро доранд. Умуман, бо шарофати ин лоиҳа маърифати экологии мардум торафт баландтар шуда истодааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ҳоҷатхонаҳои мактабҳои ноҳияҳои ҳадафӣ аз нав таъмир карда шуда, ҳамчунин ҳоҷатхонаҳои нави замонавӣ сохта мешаванд. Гузаронидани хатҳои нави оби нӯшокӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ дар назар дошта шудааст.
- Шумо дар оғози суҳбат ишора кардед, ки ба лоиҳаи мазкур ихтиёриёнро низ ҷалб намудаед. Дар пешравии лоиҳа ва ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ онҳо чӣ саҳм доранд?
- Ихиёриён қувваи бузурге мебошанд, ки бо дастгирӣ ва кумаки онҳо бисёр масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва экологиро метавон ҳал намуд. Дар маҷмуъ дар минтақа 70% ихтиёриён ба лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногуни омӯзандаи экологӣ ва иҷтимоӣ ҷалб шудаанд. Волонтёрҳо дар расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши хеле муҳимро мебозанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки сатҳу сифати зиндагии зиёда аз 37 000 одамон бо шарофати лоиҳаҳое, ки ихтиёриён ба онҳо ҷалб шудаанд, беҳтар гаштааст. Зиёда аз 60%-и ихтиёриён ҷавонони то 30-сола мебошанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонон торафт бештар ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва умуман дар минтақаи Осиёи Миёна ҷалб ва ҳавасманд гашта истодаанд.
- Дар самти ҳифзи саломатӣ чӣ корҳоро ба анҷом расонидед?
- Аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ чорабиниҳои зиёде дар ин минтақа гузаронида мешаванд. Ихтиёриёни мо хона ба хона гашта, дар байни мардум дар бораи гигиенаи шахсӣ ва вобастагии саломатӣ ба тозагии муҳити зист корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, дар бораи бемориҳои сироятӣ аз ҷумла гепатит, бруцеллез, дарунрав, ҳамчунин дар мавзӯи солимии репродуктивӣ ва гигиенаи духтарон, хунравӣ, захму ҷароҳат бардоштан газидани ҳайвонот ва ҳашароти заҳрнок маълумот дода, роҳҳои пешгирию табобатро мефаҳмонанд.
- Ихтиёриён ба пирони танҳо дасти кумак дароз мекунанд?
- Бале, ихтиёриён аз ҳолу аҳволи одамони имкониятҳояшон маҳдуд-маъюбон ва пирони танҳо бохабар шуда меистанд. Дар корҳои хоҷагӣ ба онҳо ёрӣ мерасонанд, барояшон хӯрока ва доруворӣ мебаранд. Ба оилаҳое, ки маъюб доранд, барои тахт кардани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани дараҷаи маъюбӣ кӯмак мерасонанд. Аз ҷумла моҳи августи соли равон ба 5 оилаҳои маъюбон ва 3 нафар пирони танҳо кӯмаки якдафъаинаи ғизоӣ расонида шуд, ки аз орд, равған, гӯшт иборат буд.
- Дар байни ихтиёриён омӯзгорон ҳам ҳастанд?
- Бале, аз шумораи умумии ихтиёриён 40 нафарашон омӯзгорон буда, дар мактабҳои минтақа машғулиятҳои иттилоотӣ мегузаронанд ва ба кӯдакону наврасон дар бораи пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили зуком, гепатит, шикамрав, риояи гигиенаи шахсӣ ва умуман тарзи ҳаёти солим маълумот медиҳанд. Омӯзгорон ҳамчунин усулҳои бастани захму шикастагии устухон, пешгирии хунравӣ ҳангоми ҷароҳат бардоштан ва чӣ тавр расонидани ёрии аввалинро ба шахсоне, ки ҳашарот газидааст ва ё ба дигар ҳодисаҳои нохуш гирифтор шудаанд, меомӯзонанд. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии расонидани ёрии аввалин дар ҷамоатҳо бо иштироки намояндагони ҳукумат, шӯъбаи маориф ва кормандони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ чорабинӣ гузаронида шуда, хонандагон дониш ва ҳунару маҳорати расонидани ёрии аввалини тиббиро, ки бо шарофати ин лоиҳа аз волонтёрҳо омӯхта буданд, дар амал нишон доданд. Дар маҷмӯъ дар ин чорабинӣ 6789 хонандагон ва 527 нафар аъзоёни ҷамоатҳо ширкат варзида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд. Газетаи ноҳиявии «Паёми Тоҷикобод» дар бораи ин чорабинӣ маводеро нашр намуда буд.
- Лоиҳаро кӣ сарпарастӣ мекунад?
- Лоиҳа бо дастгирии молиявии Ҷамъияти финии Салиби Сурх амалӣ карда мешавад. Дар доираи ин лоиҳа ҳамасола маъракаҳои махсус бахшида ба рӯзҳои байналмилалии мубориза ба муқобили бемории Сил, ВИЧ-СПИД, Рӯзи солимии ҷомеа, расонидани ёрии аввалин, «Рӯзи дастони тоза» ва Рӯзи байналмилалии Ҳаракати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баргузор мегарданд. Бо шарофати ин лоиҳа мардум бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин гаштанд. Туфайли фаъолияти пурсамари ихтиёриён дониши аҳолӣ дар боби пешгирии бемориҳои сироятӣ хеле зиёд шуда, гирифторшавӣ ба касалиҳои сироятие, ки бо воситаи об мегузаранд, камтар шудааст. Мардуми маҳаллӣ акнун ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намуда, кӯшиш мекунанд, ки муҳити зисти худро тозаю озода нигоҳ доранд.
- Барои суҳбати ҷолиб ба шумо як ҷаҳон ташаккур!
Ф. САТТОРӢ