Дифтерия аз ҷумлаи бемориҳои сироятӣ буда, барангезандааш бактерияест, ки пеш аз ҳама ба роҳҳои болоии нафаскаш таъсир расонида, бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ сироят мекунад. Ин сироят метавонад ба роҳҳои нафас, аз ҷумла, ҳалқ, трахея, бронхҳо ҳамчунин чашмҳо, бинӣ, пӯст ва узвҳои таносул таъсир расонад.
Сабабҳои беморӣ
Барангезандаи беморӣ микробҳое мебошанд, ки токсина, яъне заҳробаи дифтерияро хориҷ мекунанд. Ин микробҳо ба бадани кӯдак бештар тавассути роҳи нафас ворид шуда, дар луобпардаҳо ҷойгир мешаванд.
Манбаъҳои беморӣ инҳоянд:
1. Шахсоне, ки ваксинаи ин бемориро нагирифтаанд.
2. Шахсоне, ки аз ин беморӣ азият мекашанд.
3. Риоя накардан ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ
4. Паст шудани масъунияти бадан
Нишонаҳои беморӣ
Шахси ба дифтерия гирифторшударо дар рӯзҳои аввал ҳарорати баланди бадан азият медиҳад. Дифтерияи даҳону ҳалқ (ротоглотки) аз 70 то 75 фисади беморшудагонро дар мегирад, ки дар онҳо ба ғайр аз ҳарорати баланд, ҳамчуни ҳолати табларза дида мешавад. Аломатҳои заҳролудшавӣ, дарди сар, паст шудани масъунияти бадан, кам шудани иштиҳо, тағйир ёфтани ранги пӯст, баланд шудани набз, дард дар қафаси сина нишонаҳои дигари дифтерияанд. Табларза 2-3 рӯз давом карда, бодомакҳо варам мекунанд, сурх ва зард шуда, ба ҳам наздик мешаванд.
Ба куҷо бояд муроҷиат намуд?
Беморони гирифтори дифтерия дар шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ бистарӣ карда мешаванд. Агар хавфи маҳкамшудани роҳи нафас вуҷуд дошта бошад, интубатсия, яъне васеъ кардани роҳи нафас ҳатмӣ мебошад, ки он дар шароити хона ғайриимкон аст.
Пешгирии беморӣ имконпазир аст?
Тавре сарчашмаҳои тиб мегӯянд, ба воситаи маводҳои кумакрасон, аз ҷумла эмкунии оммавии аҳолӣ сатҳи фавт аз дифтерия аз 5 ҳам кам мебошад.
Эмкунии кӯдакон аз семоҳагӣ оғоз мешавад, баъдан реваксинатсия дар 9-12 моҳа, 6-7, 11-12 ва 16-17-солагӣ гузаронида мешавад. Ваксинаҳо бо ваксинаи мураккаби зидди дифтерия ва кузоз ё бар зидди сулфа, дифтерия ва кузоз гузаронида мешаванд. Агар зарур бошад, калонсолон ваксина карда мешаванд. Пас аз сиҳат шудан ва ташхиси дукаратаи бактериологӣ манфӣ беморонро ҷавоб медиҳанд.