Депортатсияи 450 муҳоҷир аз Маскав
200

Раёсати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Маскав аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз бо мақсади санҷиши риояи қонунгузории муҳоҷиратӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, марказҳои савдо, муассисаҳои хӯрокворӣ, хобгоҳҳо ва сохтмонҳо 7632 рейд гузаронидааст.

Дар натиҷа, зиёда аз 58 000 қонуншикании марбут ба муҳоҷират, аз ҷумла 15 000 ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ё буду бош (иқомат) дар Федератсияи Русия, зиёда аз 5000 вайронкунии қоидаҳои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ, 242 нафар, ки барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, 430 нафар гирифторони бемориҳои хатарнок ва 100 нафар шаҳрвандони хориҷии бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ вориди Федератсияи Русия гашта ошкор карда шудаанд.

Дар пайи ин амалиётҳо нисбати 1400 шаҳрванди хориҷӣ фармони берун намудан аз қаламрави кишвар (выдворение) содир шуда, беш аз 450 шаҳрванди хориҷӣ депортатсия карда шудаанд.

32 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки қаблан шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст оварда буданд, аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карда шудаанд. Аз ин шумора 20 нафар барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шудаанд.

Дар ҷараёни ин амалиётҳо ҳамчунин 3773 мавриди бақайдгирии сохтаи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор шуда, беш аз 2400 парвандаи ҷиноятии марбут ба қонунигардонии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба суд ирсол шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД