sebiston july new
Деҳотидухтари афсар
1014
no-img

Вай аз ангуштшумор бонувони деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи деваштич  аст, ки орзуи замони наврасияш – баъди гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ба донишгоҳ дохил шудану корманди мақомоти корҳои дохилӣ гардидан, ҷомаи амал пӯшид. Алҳол ӯ капитани милитсия, тарбиятдиҳандаи калони Хадамоти оперативии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд аст.

 

Нуқрагул Ҳидоятова сабабгори аслии расидан ба орзуяшро дар иродаи матини падару модари равшанфикри хурофотшикани худ медонад. Маҳз онон ба таънаҳои беасоси хешу табор ва ҳамдеҳагон эътино накарда, аз пайи хонондану соҳибкасбу соҳибэътибор гардидани гулдухтарони хеш шуданд.

Падараш Рустамбой Ҳидоятов, ки 47 сол муаллимӣ, аз ҷумла солиён дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и деҳа роҳбарӣ кардааст, духтараш Нуқрагулро ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд овард. Духтари дигарашро низ дар омӯзишгоҳи тиббӣ хононд.

Модари зиндаёди Нуқрагул - Бибираҷаб, ки худ ҳам хеле хондан мехост, аммо ҳатто дар даврони шуравӣ ба орзуяш нарасида буд, ниҳоят дар замони соҳибистиқлолӣ Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафарободро дар синни 57-солагӣ хатм кард ва то охири умр (соли 2016) хонандагони синфҳои ибтидоии мактаби деҳаро таълим дод.

 

Нуқрагул ҳуқуқшинос шудан мехост, аммо дар бахши рӯзноманигории ДМТ имкони таҳсил пайдо кард. Як сол бо журналистони оянда ҳамсабақ шуд, аммо ҳеҷ орзуи корманди милитсия шудан ӯро тарк намекард.

Бо ёрии волидон ва дастгирии маъмурияти Донишгоҳ соли дигар ба факултаи ҳуқуқшиносӣ гузашт. Бо баҳои хубу аъло, интизоми намунавӣ хонд ва соҳиби диплом шуд. Ӯро барои кор ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд роҳхат доданд.

Вай ҳамчун корманди қатории милитсия корро аз навбатдории Раёсати корҳои дохилии вилоят оғоз кард. Ба туфайли пайваста омӯхтани асрори касб дар ин даргоҳ зина ба зина боло рафт ва вазифаҳои масъулро ба ӯ бовар карданд.

Махсусан, дар ҷабҳаи кор бо ноболиғон маҳорату малакаи назаррас пайдо намуда шуҳратманд гашт. Соли 2015 нахустин рутбаи афсарӣ лейтенанти милитсияро аз дасти вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро гирифт.

Баъдан рутбаҳои лейтенанти калон ва ниҳоят капитани милитсияро соҳиб шуд, ки барои бонуи деҳотӣ комёбии назаррас аст.

 

Ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони шаҳри Хуҷанд, ки дар вилоят ягона аст, аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Суғд ноболиғони душвортарбия, оворагард, моили ҷинояткориро меоваранд. Капитани милитсия, тарбиятдиҳандаи калони ин муассиса Нуқрагул, пеш аз ҳама, сабабҳои ба ин ҷо оварданашонро аниқ намуда, бо онон суҳбатҳои инфиродӣ мегузаронад.

- Дар навбати аввал шахсияти ноболиғ, волидон ё ононеро муайян мекунем, ки тарбияи ноболиғ ба дӯши онҳо мебошад. Бо парвандаи аз шаҳру ноҳияҳо омада ҷиддӣ шинос шуда, сипас бо худи наврас суҳбат мекунем. Масалан, сабабҳои ба авбошию дуздӣ ё дигар рафторҳои номатлуб даст заданашро мушаххас намуда, барои ислоҳ шудани ҳар яки онҳо бо маслиҳати ҳамкорон тадбир меандешем, - мегӯяд Нуқрагул Ҳидоятова.

 

Аммо пешгирии ин ҳодисаҳо, албатта, беҳтар аст. Бинобар ин таҳвилгоҳи ноболиғони кормандони милитсия бештари вақти кории худро ба баргузории вохӯрию суҳбатҳо бо наврасон, бо волидон масраф месозанд. Дар кӯчаву бозорҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ рафтори наврасонро таҳти назорат гирифта месанҷанд.

Ба андешаи Нуқрагул, ӯ қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» хеле саривақтӣ буд ва натиҷаҳои хуб ба бор оварда истодааст.

 

Нуқрагул дар Хуҷанд на танҳо ҳунар омӯхту соҳиби касби дилхоҳ шуд. Тақдир ӯ ва Фаррух Орифовро рӯ ба рӯ кард ва онҳо ҳамдигарро дӯст доштанду бо ризоияти волидон хонадор шуданд. Шавҳараш - дастпарвари Коллеҷи тиббӣ, то соли 2018 дар беморхонаи шаҳрии №1-и Хуҷанд ҳамчун бародари калони шафқат кор мекард. Ин ҷуфти муносиб соҳиби 4 духтару 1 писар шуд.

Нуқрагулу Фаррух дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунанд, бо тавлиди ҳар кӯдак пешбурди рӯзгор душвор мегардид. Биноан Фаррух чор сол пеш ба муҳоҷират иқдом кард ва ҳар сол ба Россия рафтаву меояд.

- Агар соҳиби хонаи худ шавем, аз пардохти иҷорапулӣ, ки сол аз сол гарон мешавад, озод гардем, дигар ҳоҷати ба муҳоҷират рафтани ҳамсарам намемонад, - мегӯяд капитан Нуқрагул Ҳидоятова. – Мо барои гирифтани хона ариза додаем ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ҳам ваъда додаанд, ки ин мушкили хонаводагии моро осон мегардонанд. Хушбахтона, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардид, ки аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз зиёд мешавад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо, қавл медиҳам, ки вазифаи хидматии худро боз ҳам беҳтар иҷро кунам ва панҷ фарзандро низ тарбияи хуб диҳам то дар оянда онҳо барои Ватани азиз хидмати шоиста анҷом диҳанд.

Бознашр аз маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон"

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД