Ғафур Воҳидов марди деҳқонест, ки аз сабаби кам будани замини корам дар халтаҳо картошка кишт карда, ҳосили хуб мегирад.
Ғафур Воҳидов сокини ноҳияи Деваштич буда, 64 сол дорад. Ин марди деҳқон 5-соли охир аз сабаби кам будани замини корам дар халтаҳои семент картошка кишт мекунад. Ба гуфти худи қаҳрамонамон, аз ин кишти булаҷабаш ӯ ҳосили хуб ба даст меорад. Вай дар ин самт аллакай муваффақ гашта, барои кишти дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо ин усул камари ҳиммат бастааст.
Пайрави модар
Модари Ғафур-Розия Холиқоваро дар ноҳияи Деваштич хурду калон мешиносанд. Ин зани деҳқон ҳанӯз замони Шӯравӣ бо дарави як гектар ғалла шӯҳрат ба даст оварда буд. Ғафур Воҳидов писари ҳамин деҳқонзани асил мебошад.
"Модарам Розия Холиқова зани меҳнатдӯсту меҳнатқарин буданд. Замони Шӯравӣ он кас дар як рӯз, аз саҳар то шом як гектар ғалла медаравидаанд. Шояд деҳқони ва заминдӯстӣ ба ман аз модарам мерос монда бошад, чунки аз хурдиям дар заминҳои васеи кишт кор карда, устухонам ба қавли маъруф бо меҳнат шах шудааст. Замини калони кишт надошта бошам ҳам, аз замини хурд ҳосили фаровон мегирам”-мегӯяд бо ифтихор қаҳрамони мо.
Ғафур воҳидов мегӯяд, имрӯз аксари мардум заминро самаранок истифода намебаранд ва одамоне, ки замини калон доранд, тоби меҳнати сангин дар заминро накарда, танҳо бо гирифтани алаф иктифо мекунанд ё аз ҳосили ками гирифтаи худ қонеъ шуда, намехоҳанд роҳу равиши бештар ба даст овардани ҳосилро ҷустуҷӯ намоянд. Қаҳрамони мо, ки ба қавли худаш сарашро дар байни киштзор сафед кардааст, аз бепарвоии мардум нисбат ба замин таассуф мехӯрад.
Аз панҷ ҷӯй ток 4 - тон ҳосил
Ғафур Воҳидов муддати 40-сол дар колхоз ҳамчун ронанда фаъолият намудааст. Ба серкориаш нигоҳ накарда, ин марди меҳнатдӯст ҳамзамон дар ҳавлиаш ҳар гуна маҳсулот кишт мекард, баъди он ки ба нафақа баромадан бошад, ба пуррагӣ ба кори замин ва деҳқонӣ дода шуд.
"Пас аз он ки ба нафақа баромадам, барои худ замини кишт гирифтам. Дар ҳамон замин чандин кундаҳои дарахти ангурро дидам. Онҳоро гирифта ба замин гӯр кардам, баъд дар болои ток ниҳоли памидор шинонидам. Ҳар бегоҳ ҳамроҳи завҷаам кишти худро об медодем, вале ростӣ дарахти ангур аз ёдам фаромӯш шуда буд. Аз сабаби он ки мо ба помидор хуб нигоҳубин кардем, дарахти ангур низ нашъу намо ёфтааст. Ҳамин тавр баъди муддати мадид дарахтони ток ба ҳосил даромаданд. Ман аз 5 ҷӯй дарахти ангур 4 тон ҳосил ба даст овардам, ки ин албатта шумораи ҳангуфтест ", - қисса кард қаҳрамони мо.
Кишти картошка дар халта
Имрӯзҳо дар ҳама соҳа ҳар гуна навгониҳо ба амал меоянд. Кишоварзон низ аз замона қафо мондан нахоста рҳу усулҳои нав ба нави киштукорро ҷустуҷӯ мекунанд, то ки аз як замин то се маротиба ҳосил бигиранд. Қаҳрамони мо Ғафур Воҳидов низ усули бисёр аҷиб ва пурсамари парвариши картошкаро дар халта кашф намудааст.
"Ман аз замин то ду маротиба ҳосил мегирифтам, вале бо вуҷуди ин қонеъ нашуда, усулҳои нав ба нави зиёд кардани ҳосилро меҷустам. Хоҳарам дар МТМУ №20 ҳамчун директор фаъолият дошт ва чанд бор аз ман хоҳиш кард, ки дарахтҳои мактабро ба тартиб оварам. Ман бо баҳонаи пирӣ ва корзада шудан рад мекардам, вале ахиран хоҳиши ӯро пазируфта ба мактаб рафтаму дарахтҳоро ба тартиб овардам. Аз ҳамон вақт сар карда маро ба хоҷагии муассиса ба кор даъват карданд.
Дар муддати кӯтоҳ муассисаро ба бӯстонсарой табдил дода, дар заминҳои мактаб картошка памидор, бодиринг ва каду кишт кардам. Ҳама аз ҳосили фаровон хурсанд буданд. Муаллимаҳо бе малол аз маҳсулоти тоза истеъмол мекарданд. Ростӣ боре дар телевизиони Ӯзбекистон дида будам, ки дар ҳамсоякишвари мо чӣ гуна дар халтаҳои сементи картошка кишт кардаанд ва хостам ин таҷрибаро дар худамон гузаронам. Дар ҳамон муассиса дар 20 халта яктои картошка кишт кардам. Аз он кишт зиёда аз ду халта картошка ҳосил ба даст овардам"-қисса мекунад қаҳрамони мо.
Ғафур Воҳидов имсол низ дар 14 халта ду тои картошка кишт кардааст ва умедвор аст, ки аз ин кишт 100-120 кг ҳосил ба даст меорад.
Ин марди меҳнатқарин ҳамчунин дар халтаҳои зиёд бодиринг, каду ва помидор коридааст. Айни замон ниҳолҳо хуб нашъу намо ёфта истодаанд. Ӯ мехоҳад баъди аз халтаҳо гирифтани ҳосил ба кишти дуввум оғоз намуда, дар ин халтаҳо бодиринг кишт кунад ва то фасли тирамоҳ ҳамин тавр дар халтаҳои семент киштгардон карда, чанд намуд ҳсил ба даст биёрад.
Пайванди картошка бо помидор
Падарону бобоёнамон мегуфтанд, ки ду чизро ҳеҷ гоҳ фиреб дода намешавад-илм ва деҳқониро. Қаҳрамони мо Ғафур Воҳидов ҳам ин гуфтаҳоро шиори худ қарор намуда, барои рушди деҳқонӣ кӯшишҳои зиёд мекунад. Назар ба гуфти ӯ:
"Инсон чӣ қадаре, ки ба замин меҳр монаду меҳнат намояд, замин ҳамон қадар ҳосили фаровон медиҳад. Аз ин рӯ ман доимо дар ҷустуҷӯ ҳастам. Боре шунида будам, ки имкони пайванд кардани помидор бо картошка ҳаст. Хостам инро дар таҷриба бинам. Помидорро бо картошка пайванд кардам, бисёр натиҷаи хуб дод. Аз як тана ду ҳосил рӯёнидам. Аз пайванд боло помидор ва аз пайванд поён картошка ҳосил дод. Ҳамин тавр боз роҳҳои дигари бештар кардани ҳосилро ҷустуҷӯ мекунам", - иброз дошт ин марди деҳқон.
Ғафур Воҳидов аз он таассуф мехӯрад, ки ҳамаи сиру асрор ва роҳу равиши кишоварзиро омӯхтааст, аммо қувваву тавоноие, ки айёми ҷавонӣ дошт, дигар он қудратро надорад.
"Ҷавон мебудам, аз имрӯза бештар ҷаҳду ҷадал меварзидам. Пирӣ имкон намедиҳад, ки тамоми маҳоратамро истифода барам, аммо ба ҷавонон, ба фарзандону наберагонам сирру асрор ва нозукиҳои деҳқониро меомӯзонам, то онҳо низ дар айёми пирӣ пушаймон нашаванд", -мегӯяд қаҳрамонамон.
Мо ба ин марди асил ва меҳнатқарин барори кор мехоҳем. Бигзор таҷрибаи Ғафур Воҳидов барои дигар деҳқонони тоҷик намунаи ибрат гашта, аз замин пурсамар истифода бурданро биомӯзанд.