Имрӯз солгарди милоди яке аз сутунҳои устувори шеъри навини тоҷик, шоири озодандеш ва озодбаён, зиндаёд устод Бозор Собир мебошад.
Агар умр вафо мекард, имрӯз Бозор Собир ба синни мубораки 85-солагӣ мерасид, вале...
Ятимча
Бозор Собир 20-ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод дар оилаи деҳқони оддӣ чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст. Падараш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонона шаҳид гашта, Бозор бармаҳал заҳри талхи ятимиро мечашад. Шоир алами бепадарӣ ва ранҷу азобҳои ҷонгудози даврони кӯдакиашро дар як шеъраш чунин тасвир кардааст:
Дар сари кӯчаҳои Файзобод,
Чашм ба роҳи куҳна шому саҳар.
Кӯдакиам ҳанӯз гирён аст,
Дар кафи ӯ хатти сиёҳи падар.
Дар талоши зиндагӣ
Аммо ятимбачае, ки ба ҷуз Офаридгор дар ин дунё дигар ҳеҷ такягоҳ ва пушту паноҳе надошт, тамоми ҳастии худро ба омӯзиши илму дониш бахшида, тавонист дар ҷодаи шеъру сухан ба қуллаҳои баланд бирасад ва дар тамоми олам машҳур гардад.
Тавре ки аз зиндагиномаи шоир бармеояд, Бозор Собир маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳри Ҳисор гирифта, соли 1962 ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шудааст. Дар ин даргоҳи илму маърифат Бозор Собир дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ таҳсил намуда, пас аз хатми донишгоҳ сароғоз ба сифати ходими адабӣ ва баъдан дар вазифаи мудири шӯъбаи ҳафтаномаи «Маориф ва маданият» кор кардааст.
Роҳ ба сӯйи қулла
Соли 1975 шоири ҷавон ба маҷаллаи машҳури адабии “Садои Шарқ” ба кор мегузарад ва ҳамин тавр мавқеъаш дар ҷодаи адабиёт торафт устувортар гашта, соли 1979 мушовири шӯъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъин мешавад. Минбаъд зинда ба зина боло рафта, Бозор Собир туфайли шеърҳои баландмазмун ва олиаш ба яке аз чеҳраҳои дурахшони олами адаб ва фарҳанги тоҷик табдил ёфт...
Оворагӣ ва бозгашт ба Ватан
Дар даврони барои миллати тоҷик бисёр душвор ва пурошӯби солҳои 1990 Бозор Собир депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Қатори дигар ҳамватанон шоир низ дар кӯрраи пуроташи даврони ҷанги дохилӣ сӯхта, муддате дар зиндон буд, баъд гуреза шуда, аввал ба шаҳри Маскав, баъдан ба Эрон ва сипас ба Амрико рафт, аммо...
Бозор Собир як умр дар орзуи озодие буд, ки онро дар ягон гӯшаи олам пайдо накард ва билохира 27-уми майи соли 2013 бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора ба Ватан баргашта, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ихтиёр намуд, вале...
Марги шоир
Бозор Собир чанд соли охир аз бемории қалб ранҷ мекашид ва ба хотири табобат маҷбур шуд, ки боз ба Амрико равад, аммо 1-уми майи соли 2018 дар синни 79-солагӣ қалби шоир дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон аз тапидан бозмонд. Ҷасади шоирро ба Тоҷикистон оварда, дар Ватан ба хок супурданд.
Мероси адабӣ
Нахустин чакидаҳои хомаи Бозор Собир ҳанӯз солҳои 60 асри пешин дар матбуоти Тоҷикистон ба табъ расидаанд, вале аввалин маҷмӯъаи ашъораш соли 1972 бо номи «Пайванд» ба табъ расидааст. Соли 1974 китоби дуюмаш бо унвони «Оташбарг», соли 1978 бошад, маҷмуъаи дигараш бо номи «Гули хор» манзури ҳаводорони шеър мегардад. Ҳамин тавр шеърҳои баландмазмуни ин шоири тавонои тоҷик пай дар пай дар китобҳои «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Оташбарг», «Бо чашидан, бо чамидан», «Чашми сафедор», «Симхор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам», «Аз гули хор то симхор», «Шоиру шеъре агар ҳаст», «Хуни қалам» ва «Лолаи сиёҳ» нашр шуда, шӯҳраташ марзҳоро убур намуд ва Бозор Собир ҳамчун яке аз шоирони тавонои Шарқ шинохта шуд.
Зиндаву ҷовид монд...
Хизматҳои Бозор Собир бо мукофоту ҷоизаҳои зиёди давлатӣ қадрдонӣ шудааст. Ин шоири тавоно дорандаи Ҷоизаи Давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 3 мебошад.
Аллакай 5 сол аст, ки Бозор Собир дар қайди ҳаёт нест, вале шеърҳои нотакрораш номи ӯро абадан зинда нигаҳ медоранд.
Ф. Сатторӣ