...Як рӯз ҷавонеро аз дарди кӯрруда ҷарроҳӣ карданд, ман ба духтур кӯмак кардам ва ӯ ҷароҳатбандии ин беморро бар дӯши ман гузошт. Ҳар рӯз ҷойи ҷарроҳиро бо маҳлули спиртӣ тоза карда, малҳам монда мебастам.
Ҷавон Шерзод ном дошту писари ягонаи Санавбари тиллофурӯш буд, модараш ҳар бори ба хабаргирӣ омадани писараш барои ман низ шириниҳо меоварду садқаву балогардонам мешуд. Рӯзи ҷавоб шудани Шерзод ӯ ба ман ангуштарии тилло ҳадя карданӣ шуд, вале нагирифтам. Охир, ман кори зиёде накарда будам ва модару бародарам доим дар гӯшам мехонданд, ки аз беморон чизе тамаъ накунам. Баъди як ҳафтаи рухсатӣ шуданаш аз беморхона, Шерзод ба хонаи мо хостгорҳояшро фиристод...
Писарони Баҳром Ғафурӣ издивоҷ карданд
...Аммо баръакси Анӯшервон, тӯйи Эҳсон бо иштироки Шабнами Сурайё, Зикриоллоҳ Ҳакимов ва дигар ситораҳои тобноки эстрадаи тоҷик, на дар муҳити хонавода, балки дар тарабхона баргузор гардидааст. Баҳром Ғафурӣ 7-уми августи соли 2020 дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар синни 44-солагӣ даргузашта буд ва хонадор кардани фарзандонаш яке аз орзуҳои асосии овозхон ба ҳисоб мерафт. Овозхон соҳиби чор фарзанд, се писару як духтар буд. Писари калониаш Анӯшервон идомадиҳандаи касби падар мебошад. Писари дувумаш Эҳсон дар Академияи милитсия ва писари хурдиаш Юсуф дар мактаби мусиқӣ таҳсил мекунанд...
Исёни арвоҳ
...Аммо хушдоман ӯро хотирҷамъ кард, ки аввал ин ҷоро тинҷ кунем, падаратро розӣ кардан ҳеҷ мушкил надорад. Баъди гирифтани ризояти ду инсони барояш азиз, Савсан ба Аслам, ки дар ин моҷаро аз вай ягон кас гап намепурсид, фармон дод, ки муллои шиносро ёфта биёрад. Ҳамон шаб Тоҳиру Шарифаро никоҳ карданд, ин ду нафари бо ҳам мисли додару хоҳар меҳрубон маҷбурӣ ҳамдигарро ба зану шавҳарӣ пазируфтанд. Шаби аввал Савсан Моҳирро бо худ гирифту Тоҳирро ба хонаи хоби келинаш роҳнамоӣ кард. Тоҳир ба хона даромад, янгааш дар кунҷаки рахти хоб бо сари хам менишаст. Ӯ пуштнокӣ аз хона бадар шуд ва рӯйи кат нишаста, як қуттӣ сигорро дуд кард...
Рӯҳи шикастнопазири Саодат
...-Баъд аз марги Салим, ман танҳо барои он зистам, ки фарзандонамро соҳиби илму маърифат гардонам. Бо кӯшиши худаму ёрии падару модари бузургворам ва хоҳару бародарони меҳрубонам ба мақсади худ бо душворӣ ҳам бошад, расидам, - мегӯяд, Саодат Азизова. Воқеан, бо талошҳои шабонарӯзии ӯ фарзандонаш шоиста ба воя расиданд. Имрӯз духтараш Сурайё табиб, номзади илми тиб аст, писаронаш Бунёд ҳуқуқшинос ва Салимҷон муҳандис шуда кор мекунанд ва дар китфи модар рост меистанд. Боре аз Саодат Азизова пурсидам, ки чаро дигарбора шавҳар накард ва ин ҳама мушкилоти зиндагиро ба танҳоӣ пушти сар намуд...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 34-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 1-уми сентябри соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақами 93-600-32-63 (Viber ва Imo) бифиристед!