Дар сохтмони НБО "Роғун" имрӯз беш аз 14 500 нафар машғули кор буда, аз ин шумора бештар аз 95%-и кормандон мардуми маҳаллӣ буда, 5%-и боқимонда хориҷиҳоянд. Дар ин бора Қурбонназар Давронов, муовини директори НБО оид ба истеҳсолот ба Oila.tj хабар дод.
Ба баёни Давронов, танҳо дар лоти 2, ки пудратчӣ ширкати "Вибилд"-и Австралия аст, намояндагони 30 миллатҳои ҷаҳон кор мекунанд, чун олмониҳо, филиппиниҳо ва чанд кишвари дигари аврупоӣ.
"Забони гуфтугӯи англисӣ буда, аллакай бештари хориҷиҳо бидуни тарҷумон бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд", - гуфт Қурбонназар Давронов, муовини директор оид ба истеҳсолот.
Давронов гуфт, имрӯз НБО "Роғун” ниёз ба қувваи корӣ доранд ва ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта шароитҳои хуби корию музди меҳнати арзандаро пешниҳод менамояд.
"Ронандагони мошинҳои сабукрав, боркаш, борбардор, автокран, булдозер, экскаватор, мошинҳои шиббазанӣ, автобетоннасос, ҳамчунин челонгарон, кафшергарони барқӣ, кафшергарони барқию газӣ, харротон, васлгарон, муҳандисони сохтмон, устоҳо ва бетонкорон метавонанд барои пайдо кардани ҷойи кор дар НБО "Роғун” ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират муроҷиат намоянд", - гуфт муовини раҳбари нерӯгоҳ.
Қаблан, вазири меҳнат дар нишасти хабариаш гуфта буд, ки музди миёнаи меҳнат дар НБО "Роғун” аз 2500 то 4000 сомониро ташкил медиҳад.
"Кормандон бо усули вахтавӣ кор карда, аз ҷониби корхона бо либоси корӣ, пойафзол ва дигар лавозимоти меҳнат таъмин карда мешаванд. Дар ҳар рӯзи корӣ ба кормандон 30 сомонӣ барои хӯрок дода шуда, роҳкиро низ вобаста ба ҷойи истиқомат пардохт карда мешавад", - гуфта буд хонум Гулнора Ҳасанзода.
Аз идора: Матлаби мазкур дар доираи сафари маҳфили "Экожурналистон"-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба НБО "Роғун" омода шудааст.