1xbet
Даври шаҳрии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Душанбе оғоз шуд
12.08.2025
Oila.tj
105

Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар ин даври озмун ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт - Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дар панҷ номинатсия иштирок намуда, ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва дигар эҷодкорон ба дониши онҳо баҳо мегузоранд.

Гуфта мешавад, ки тамоми шароит барои баргузории саривақтӣ ва сатҳи баланди озмун фароҳам оварда шуда, назорати ҷараёни он аз ҷониби мақомоти дахлдор таъмин мегардад.

Тибқи ҷадвали тасдиқшуда озмун аз 11 то 23-юми августи соли 2025 идома меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД