Бо мақсади омода намудани омӯзгорони сатҳи миллӣ дар асоси дархост ва дар амал татбиқ намудани «Харитаи роҳ»-и Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Миёна ва таҳия намудани барномаи таълимии 2-моҳа барои ҳамшираҳои тиби оилавӣ оид ба роҳбарӣ ва идоракунии тандурустӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ» ва ҳамшираҳои калони муассисаҳои давлатии марказҳои саломатии шаҳри Душанбе даври омӯзишӣ оғоз гашт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии кишвар, дар оғози даври омӯзишӣ роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Ашуриён, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ» Зуҳро Абдураҳмонзода ва мутахассисони соҳа иштирок намудаанд.
Зимни ифтитоҳи даври омӯзишӣ аз ҷониби масъулин доир ба ҳадаф ва мақсади даври омӯзишӣ андешаронӣ сурат гирифта, дар ин замина қайд карда шудааст, ки саҳми ҳамшираҳои тиби оилавӣ дар таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ назаррас мебошад.
Манбаъ ёдовар мешавад, ки даври омӯзишии мазкур то 31-уми октябри соли равон идома ёфта, дар доираи он аз ҷониби мутахассисони соҳа ба иштирокчиён маърӯзаҳо пешниҳод карда хоҳад шуд.