Даври ниҳоии озмуни «Нобиғаи наврас» баргузор шуд
12.12.2025
Oila.tj
106

Дирӯз, 11-уми декабри соли ҷорӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Нобиғаи наврас» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, чорабинӣ бо иштироки муовини вазир Каримзода Равшан, муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Айнулозода Наҳтулло, ҳайати роҳбарият ва кормандони маркази ҷумҳуриявӣ омӯзгорон ва наврасони лаёқатманд аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардидааст.

- Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби хонандагон ба илмҳои дақиқ, дарёфти истеъдодҳои нав, таҳкими тафаккури муҳандисӣ ва баланд бардоштани қобилияти таҳлилӣ ташкил гардида, аз чор марҳила - мактабӣ, (ноҳиявӣ, шаҳрӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иборат буд. Дар тамоми марҳилаҳо зиёда аз 2720 нафар хонандагони фаъол ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок намуданд,- меафзояд манбаъ.

Дар даври ҷумҳуриявӣ хонандагон дониши худро аз рӯи чор номинатсия - математика, физика, химия, биология, нишон дода, тибқи натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун сатҳи омодагии иштирокчиён назаррас баланд гардида, рақобати солим миёни наврасон таъмин шудааст.

Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД