Formula novemver 2024
Давоҳои халқие, ки ба ҳомила шудани зан ёрӣ мерасонанд
543

Салом! Ман Бибигул, зани 68-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ мебошам. Модари 5 фарзанд ҳастам. Шукри худо ду духтар ва ду келинам соҳиби фарзандони солиму зебоянд, вале келини хурдиам 5 сол боз ҳеҷ ҳомиладор намешавад. Табобати духтурӣ кардем, лекин самар надода истодааст. Дар “Оила” баъзан табиби машҳур Садриддиншоҳ Насриддиншоев баромад карда, маслиҳатҳои хуб медоданд. Аз ҳамин хотир мо ҳам ба умед ба шумо муроҷиат намудем, ки шояд ин табиби донишманд ягон маслиҳати муфид медиҳад.

БИБИГУЛ, аз н. Ҳамадонӣ

Посухи Садриддиншоҳ Насриддиншоев:

- Пеш аз ҳама писаратон ҳамроҳи занаш бояд ба духтур муроҷиат карда, аз ташхис гузарад, чунки дар бештари мавридҳо ҳомиладор нашудани зан ба хотири ягон иллат доштани худи мард аст. Агар шавҳараш ягон мушкилӣ надошта бошад, он гоҳ бояд келинатон табобат бигирад. Тибби халқӣ дар мавриди нозоии хонумҳо чандин давоҳои тӯли асрҳо санҷидашуда дорад ва ман чанд нусхаи оддии онро ба шумо тавсия медиҳам.

Давои аввал

Зане, ки фарзанд надорад, решаи офтобпарастро кӯфта ба шакли хока дарорад ва бо каме равғани думба омехта карда аз зер бардорад, бо инояти Худованд зоё мешавад.

Давои дуюм

Гиёҳи роҳдавак ҳазорон занҳои нозойро соҳиби фарзанд гардонида, пояи зиндагиашонро устувор намудааст. 20 грамм роҳдаваки хушкро дар термос андохта аз болояш як литр оби ҷӯш резед. Келин онро то бегоҳ кам-кам нӯшидан гирад.

Давои сеюм

50 грамм тухми гиёҳи зуфо (иссоп) -ро дар ним литр арақ дар зарфи шишагӣ ба муддати даҳ рӯз хобонда, ҳамарӯза шишаро такон диханд, сипас соф карда, рӯзе 3 маротиба ба андозаи ним қошуқӣ, ним соат пеш аз хӯрок истеъмол намоянд, занҳои нозойро модар хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД