Sebiston new 2024 october
Давоҳои халқӣ барои халосӣ аз дарунрави кӯдакон
14.12.2024
ОИЛА.ТҶ
387

Салом! Ман модари 2 фарзанд ҳастам. Намедонам аз кадом сабаб бошад, ки бачаҳоям тез-тез дарунрав мешаванд. Намехоҳам ҳар дафъа доруҳои зиёди кимёвиро ба кӯдакон диҳам. Ягон давои безарари халқӣ ҳаст, ки дарунрави кӯдаконро манъ кунад?

ТАҲМИНА, аз ш. Турсунзода

Посухи Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

- Хоҳари азиз! Шуморо лозим аст, ки як маротиба фарзандони худро пурра аз ташхис гузаронед, чунки бе сабаб кӯдакон тез-тез ба дарунрав гирифтор намешаванд. Эҳтимол рӯдаҳояшон ягон микроб дошта бошад. Кӯдакон рӯзи дароз шӯхию бозӣ карда, дастонашонро чиркин мекунанд. Ба дастони ношуста хӯрок хӯрдан, нӯшидани оби ноҷӯшида ва истеъмоли меваю сабзавоти ношуста сабабҳои асосии сар задани дарунрав дар кӯдакон мебошанд. Хоҳед, ки бачаҳоятон солим бошанд, ба тозагии кӯдакон диққати ҷиддӣ диҳед ва нагузоред, ки ҳар чизи ношустаро ба даҳонашон бурдан гиранд. Дар мавриди давоҳои халқӣ бошад, пӯсти анор барои халосӣ аз дарунрав хеле хуб ёрӣ мерасонад. Ман тарзи истифодаи пӯчоқи анор ва дигар давоҳои халқиро ба шумо ва дигар модароне, ки фарзандонашон ба дарунрав гирифтор ҳастанд, мефаҳмонам.  

Давои аввал

Тайёр кардани даво аз пӯчоқи анор чандон кори душвор нест. Пӯсти як дона анорро гирифта, тоза мешӯед, баъд онро майда карда, дар як литр об ҳамагӣ 20 дақиқа меҷӯшонед. Моеи ҳосилшударо дар давоми рӯз кам-кам ба фарзанди беморатон нӯшондан мегиред. Маъмулан баъди 2-3 рӯз аз дарунрав ному нишон намемонад.

Давои дигар

Пӯсти дарахти булут (кора дуба)-ро ҷӯшонда, 1-2 қошуқӣ дар як рӯз чанд маротиба ба кӯдаки шикамрав диҳед ва ҳуқна (клизма) кунед. Ин амалро 3-4 рӯз давом диҳед, аз дарунравии шадид, ҳатто аз шикамдарди пардаи луобӣ дошта низ ному нишоне намемонад.

Давои сеюм

Дар 1 қошуқча шири навҷӯшида 1-2 қатра йод андохта, ба кӯдаки шикамдард диҳед, исҳолро дарҳол манъ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД