Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ноҳияи Ёвон 484 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 86,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 шаш синфхонаи иловагӣ барои 300 хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва саҳми шахсони саховатпешаю эҳсонкор дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 3, 17, 20, 23, 37, 39, 54, 55, 56 ва 69 сохтмони биноҳои иловагии муассисаҳо иборат аз 112 синфхона барои 5600 хонанда идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар назди панҷ муассисаи таълимӣ сохтмони биноҳо бо фарогирии 54 синфхонаи иловагӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.