Мақомоти Русия дар давоми чор моҳи аввали соли 2025 беш аз 19 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ ва шахсони бешаҳрвандиро аз ҳудуди ин кишвар ихроҷ кардаанд.
Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, вале теъдоди дақиқи онҳо эълон нашудааст.
Ба навиштаи хабаргузории “Интерфакс”, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 600 нафар камтар аст. Соли гузашта дар ҳамин давра 21,7 ҳазор нафар хориҷ шуда буданд.