Давои халқӣ барои халосӣ аз сардард
06.11.2025
Oila.tj
90

Вақтҳои охир бо сабаби хокбориш ва ҳавои номусоид тез-тез сардард мешавам. Вақте сарам ба дард даромад, аз шӯхию бозиҳои кӯдакон сахт асабонӣ шуда, ба сари фарзандонам дод мезанаму баъд пушаймон мешавам. Ягон давои халқие ҳаст, ки дар чунин ҳолатҳо кумак карда тавонад?

НАСИБА, н. Шаҳритус

Посух:

- Давоҳои халқӣ барои табобати сардард зиёданд, вале мо ба шумо як давои хубро тавсия медиҳем, ки асабҳоро ором месозад ва дарди сар худ аз худ гум мешавад. Барои тайёр кардани ин даво ба шумо лозим мешавад:

Таркиби дору:

100 миллиграмми шарбат (настойка)-и эвкалипт, варелианка, пустырник, боярышник, 20 мллиграмми пион ва мурчи пудинагӣ, ҳамчунин 10 дона мехчагул, 1 қонуқ асал ва 1 баста занҷабил, яъне имбир (10 г).

Тарзи омода намудан:

Ҳамаи маводҳои дар боло номбаркардашударо ба зарфи 1 литраи рангаш тира андохта, даҳони зарфро маҳкам кунед ва муддати 25 рӯз дар ягон ҷойи торик нигоҳ доред. Ҳар рӯз бонкаро як бор такон додан лоҳим аст, то ки давоҳои дар дохилаш буда, нағзакак ба ҳам омехта шаванд.

Пас аз 25 рӯз давои тайёршуда аз пока полонда ба шишичаҳо гиред ва аз ин давои олиҷаноб рӯзи 2 маротиба 25-қатрагӣ ба пиёла рехта нӯши ҷон намоед. Он дарди сарро ба зудӣ рафъ намуда, асабро ором ва табъи касро болида мегардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД