Formula novemver 2024
Давлатманд ба дасти маъшуқааш кушта шуд
24.02.2022
Оила
10474

Зино аз ҷумлаи бадтарин гуноҳон ба шумор рафта, худованд мардон ва занонеро, ки даст ба хиёнат ва зинокорӣ мезанад, лаънат кардааст. Машғул шудан бо амалҳои номашруб ва бадахлоқона натанҳо касро ба гирдоби гуноҳ тела медиҳад, балки боиси сар задани ҳодисаҳои хунин низ гашта метавонад. Сарнавишти Давлатманд, ки ба зани шавҳардор ошиқ шуда, хутбаи маргашро бо дасти худаш навиштааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохилии кишвар аз куштори як марди оиладор ба дасти маъшуқааш хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, Дилором Собироваи 27-сола зани шавҳардор бошад ҳам, бо Давлатманд ном ҷавонмарди 26-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки оиладор ва соҳиби 2 фарзанд мебошад, муносибатҳои пинҳонӣ доштааст. Ишқи ин марди зандор бо зани шавҳардор билохира бо фоҷиаи хунин анҷом ёфа, Давлатманд ба дасти маъшуқааш кушта мешавад.
Тибқи маълумоти манбаъ, рӯзи 15-феврал Давлатманд тибқи одат ба манзили истиқоматии маъшуқааш меояд, вале байнашон ҷанҷол сар зада, дар ҷараёни ин моҷаро Дилором бо корди ошхонагӣ ба қафаси синаи ошиқаш мезанад. Давлатманд бар асари ин зарбаи ҷонкоҳ дар як лаҳза ба хуни худ ғарқ гаша, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Айни замон нисбати Дилором Собирова бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти ҷузъиёти дигари ин ишқи хунбор аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД