Arzon march 2024
Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии "Сементзавод" фарсуда шудаанд
327

Дар шароити имрӯза масъалаи ҳифзи муҳити зист, беҳдошти вазъи экологӣ, коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити атроф, аз партовҳои ифлоскунанда тоза нигоҳ доштани фазо, пешгирии харобшавии табиат ва таъмини амнияти экологӣ аҳамияти муҳим дошта, пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Вобаста ба ин дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти марбутаи мамлакат дастуру супоришҳо дода шуд, ки фаъолияти минбаъдаи корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе то охири соли 2023 боздошта шавад.

Зеро корхонаи мазкур, ки солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, имрӯзҳо умуман ба талабот ҷавобгӯ набуда, таъсири бевоситаи худро ба экологияи шаҳр ва сокинони он расонида истодааст.

Гузашта аз ин тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда ва қисман корношоям буда, таъмири он ғайриимкон аст ва ҷараёни истеҳсоли семент дар ин корхона самаранок намебошад.

Ҳамзамон, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳо якчанд корхонаи азими истеҳсоли семент, аз қабили «Хуаксин Ғаюр семент», «Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент», «Тоҷ–Чайна» ва ғайра сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ҳаҷми иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мазкур калон буда, онҳо имконияти васеъ доранд, ки пурра талаботи бозори дохилии мамлакатро бо сементи истеҳсоли худӣ таъмин намуда, содироти маҳсулотро берун аз мамлакат низ ба роҳ монанд.

Ҳамаи ин тадбирҳо, пеш аз ҳама, ба софу беғубор нигоҳ доштани фазои экологии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе равона шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД