Дастгирии ятимон ва маъюбон ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор дорад. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат барои дастгирии донишҷӯёни имкониятҳояшон маҳдуд ва ятим тадбирҳои судманд меандешанд.
Тавре Нуриддини Муҳиддин Давлаталӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj гуфт, дар донишгоҳ 52 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва 47 нафар донишҷӯёни дорои маъюбият таҳсил намуда, аз тамоми имтиёзҳое, ки давлату ҳукумати кишвар барои ин афрод пешбинӣ намудааст, бархӯрдор мебошанд.
- Донишҷӯёни дорои маъюбият ва ятимони кулл аз пардохти маблағи таҳсил ба пуррагӣ озоданд. Бар замми идрорпулие, ки давлат муқаррар намудааст, ҳар моҳ ба донишҷӯёне, ки ятими кулл ҳастанд ё маъюбият доранд, аз ҳисоби худи донишгоҳ ба маблағи 600 сомонӣ идрорпулӣ, яъне стипендияи иловагӣ дода мешавад. Роҳбарияти донишгоҳ дар иду чорабиниҳо ба донишҷӯёни ятим ва маъюб сарулибос тақдим намуда, кумакпулӣ медиҳад,- афзуд ректор.