Дастаи «Душанбе-2» таҳти роҳбарии мураббӣ Олим Қадамшоев дар мусобиқаи ҷумҳуриявии «Гузариш», ки бахшида ба хотираи собиқ котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев роҳандози мешавад, ғолиб омад.
Дар ин мусобиқа, ки дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, футболбозони ҳашт даста ширкат карданд. Дастаи «Хатлон-1» дар бозӣ барои ҷоии сеюм бар тими «Хатлон-2» бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.
Дар рақобати ниҳоӣ дастаи «Душанбе-2» аз тими якуми «Душанбе» пурзуртар баромад – 1:0.
Аз рӯии ҷамъбасти мусобиқа беҳтарин бозингарон муайян карда шуданд. Мадумари Идимад («Хатлон-2»), Исмоил Бобоев («Душанбе-2»), Беҳруз Хоҷаев («Хатлон-1») ва Еқуб Қадамов («Душанбе-1») беҳтарин дар ҳаиати дастаи худ дониста шуданд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа Бахтовар Арабов («Душанбе-1») эътироф гардид.
Ҷоизаи беҳтарин бозигари мусобиқа насиби Абдулазиз Исоқов («Душанбе-2») гашт.