1xbet
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷойи дуюм гардид
53

Дастаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U-15) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Қошғар» байни наврасон, ки дар Чин баргузор шуд, мақоми дуюмро сазовор гашт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқа дар Шинҷон-Уйғур дар шимолу ғарби Чин баргузор шуд. Барои медалҳо 12 даста аз 7 кишвар - Тоҷикистон, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мубориза бурданд.

Дастаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар тими «Синзян Юэпуҳу»-и Чин (9:0) ва «Қувватли Беден»-и Туркманистон (4:0) ғалаба намуда, аз тими «Шандун Тайшан»-и Чин шикаст хӯрд (0:4).

Наврасони мо дар даври чорякниҳоӣ бар дастаи Академияи «Сибир» (3:3, аз рӯйи силсилаи пеналтӣ - 5:3) ғолиб омада, дар нимниҳоӣ бар бошгоҳи Академияи футболи Тошканд (0:0, аз рӯйи пеналтӣ - 6:5) пирӯз гардиданд.

Дар бозии ниҳоии мусобиқот дастаи Академияи футболи ФФТ аз тими «Бейтзин Гоан»-и Чин (2:2, аз рӯи пеналтӣ - 5:6) шикаст хӯрд ва ҷойи дуюмро соҳиб гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД