Матбуоти русӣ аз фоҷиаи мудҳиш ва хунини ба сари Зулфия ном муҳоҷирзани тоҷик омада хабар додааст. Як ҷавонмарди рус ин зани 49-солаи тоҷикро барои марги гурбаи дӯстдоштааш даҳ корд задааст...
Зулфия, ки сокини Тоҷикистон буд, қурбонии як хонаводаи рус гашт, ки он ҷо ба сифати хизматгор кор мекард. Ин зани меҳнатқарини тоҷикро дар синни 49 солагӣ, бе гуноҳ 10 корд задаанд.
Зулфия ба хотири пайдо намудани ризқу рӯзии худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дар хонаи як зани рус ба ҳайси хизматгор кор мекардааст, аммо соҳибхона дар марги гурбаи дӯстдоштааш ӯро айбдор дониста, бо корд ба ин зани муҳоҷир ҳамла намуда, ба таври ваҳшиёна ӯро 10 корд задааст.
Шабакаи 360 дар такя ба манобеи худ ин рӯйдоди хунинро шарҳ дода, гуфтааст, ки ҳодиса дар кучаи Кускова сурат гирифтааст. Расонаҳои дигар менависанд, ки Зулфия дар рубучини хона ба зани рус кӯмак мекард ва рӯзе баъди рафтани ӯ гурбаи соҳибхона ногаҳон мемирад.
Писари соҳибхона аз хидматгорашон шубҳа карда, ҳадс мезанад, ки шояд додани хӯрокҳои серғизо сабаби марги гурба гашта бошад. Ҳамин тавр соҳибхонаҳо нисбати ин зани муҳоҷир дар дил кина мегиранд ва нақшаи чи тавр аз байн бурдани ӯро тарҳрезӣ мекунанд. Писари соҳибхона худро тавассути телефон курьер муаррифӣ карда, ба хонаи Зулфия меояд ва баробари кушода шудани дар ба ин зани тоҷик ҳамла намуда, Зулфияро 10 корд мезанад.
Гумонбар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дастгир шуда, тафтишоти ин қазия идома дорад.