Солҳои охир иддае аз одамон он қадар ваҳшию тудхӯй гаштаанд, ки ҳатто ба падару модар ва бародару хоҳари худ заррае раҳму шафқат накарда, бераҳмона корд ба дили волидон ё фарзанди падарашон Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як куштори бераҳмона ва ваҳшатангези оилавӣ дар шаҳри Панҷакенти Вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилоӣ Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ин ҳодсаи хунин рӯзи 17-уми сентябр дар деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент рӯй дода, хоҳарон Розиқова Маҳкамойи 58-сола ва Розиқова Истодаи 48-сола дар рафти як моҷарои оилавӣ бародарашон Ёрбой Розиқови 42-соларо бо корди хоҷагидорӣ бераҳмона ба қатл расонидаанд.
Сабаби сар задани моҷарои тақдирсӯз маълум нест, вале ба иттиллои манбаъ марҳум Ёрбой Розиқов бемории руҳӣ дошта, хоҳарони бародаркуш Маҳкамой ва Истода бевазан будаанд.
Айни замон нисбати Розиқова Маҳкамойи 58-сола ва Розиқова Истодаи 48-сола парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.