arzon replenishment
ДАРСҲО 45 НЕЮ, 25 ДАҚИҚА МЕШАВАНД. ШАРҲИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ
5759

Имсол бо сабаби таъсири пандемияи коронавирус ба ҳамаи соҳаҳои буҷетӣ дар Тоҷикистон рӯзи 17 уми август таҳсил дар мактабҳо сар мешавад. Масъулони соҳаи маориф дар пайи ин қарор шарҳ доданд, ки машғулиятҳои мактабии соли хониши қаблӣ, ки ба сабаби паҳншавиии COVID - 19 иҷро ношуда монда буд, то 1 уми сентябр пурра таълим дода мешванд.

Бино ба гуфти Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд бо сабаби хуруҷи коронавирус 16% - и дарсу машғулиятҳои мактабӣ иҷроношуда боқӣ мондаанд. “Оғози таҳсил аз санаи 17 - уми август тасодуфӣ интихоб нашудааст. Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, моҳи март дарсҳои мактабӣ ҷамъбаст шуданд, аммо бинобар сабаби паҳншавии бемории каронавирус мо барои ҷамбаст кардани чоряки сеюми соли хониш вақтамон нарасид. Чунки тибқи қарори Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID - 19, дар мактабҳо таътили муваққатӣ эълон карда шуд. Бинобар ҳамин, соатҳои дарсие, ки бояд тибқи Барномаи таълим гузаронида мешуд, ҳамагӣ 84% ба иҷро расонида шуд”, - гуфт Осим Каримзода.

Каримзода афзуд, ки имсол дарс дар мактабҳо тибқи тавсияҳои Ситоди мубориза бо коронавирус аз 17 уми август сурат мегирад ва то санаи 1 сентябр машғулиятҳои ба таъхиргузошташудаи соли хониши қаблӣ иҷро мешаванд.

“Дар охирҳои моҳи март эълон шуда буд, ки дар ҳоли хубтар шудани вазъ имтиҳонҳои давлатӣ супорида мешаванд. Аммо вазъият мураккаб шуд ва имтиҳонсупории хонандагон доирношуда монду дар асоси чоряки сеюм чоряки чорум ва ҳамин тариқ, баҳои имтиҳони солонаро гузоштем”, - гуфт ин масъули соҳаи маориф.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26 уми апрел Вазорати маориф ва илм бо дастури Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз пандемияи COVID – 19 эълон кард, ки аз 27 апрел то 10 майи соли 2020 муваққатан дар муассисаҳои таълимӣ - кӯдакистону боғча, мактабҳо, литсейҳои касбӣ – техникӣ, коллеҷҳо - таътил эълон карда шавад. Аммо дар пайи паҳншавии вируси корона Вазорат аз қарори нав оид ба дароз кардани муҳлати таътил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ хабар дода, рӯзи 5 - уми май эълон кард, ки хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар кишвар то 16 август ба таътили тобистона мераванд ва соли таҳсили 2020 – 2021 аз 17 август оғоз мешавад.

Бо қарори Вазорат соли таҳсил аз 17 августи соли 2020 оғоз гардида, 14 июни соли 2021 ба охир мерасад. Дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар 3 баст ташкил карда мешавад. Дар басти якум синфҳои 1, 9, 10 ва 11, дар  бастҳои дуюм ва сеюм синфҳо вобаста ба шароити ҳар муассиса ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Тибқи шарҳи Вазорат соли таҳсил ба 2 нимсола ҷудо гардида, таътилҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дарсҳо бо назардошти дар ду гурӯҳ ва дар як соати дарсӣ омӯхтани ду фанни таълимӣ (25 дақиқа дар зергурӯҳи якум як фанни таълимӣ, ҳамзамон дар зергурӯҳи дуюм фанни дигари таълимӣ) ташкил гардида, бо анҷоми вақти муқарраршуда омӯзгорон дар зергурӯҳҳо иваз мешаванд.

Дар як соати дарсӣ 2 фанни таълимӣ 25 дақиқа аз як фан дар зергурӯҳи якум ва 25 дақиқа аз фанни дигар дар зергурӯҳи дуюм таълим дода шуда, аз он 2 дақиқа ба қисми ташкилии дарс, 15 дақиқа барои баёни мавзӯи нав 5 дақиқа барои мустаҳкамкунӣ ва 3 дақиқа барои супориши вазифаи хонагӣ ва шарҳи он ҷудо карда мешавад.

 

Муассисаи таълимӣ  реҷаи мазкурро қатъиян риоя намуда, вобаста ба шароит ва таъминоти кадрӣ ҷадвали дарсҳоро таҳия ва тасдиқ менамояд.

Вобаста ба вазъияти баамаломада дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ дар басти якум аз соати 8:00 то 10:55, басти дуюм аз соати 11:10 то 14:05 ва басти сеюм аз соати 14:20 то 17:15 ташкил карда мешавад. Дар байни соатҳои таълимӣ 5 дақиқа ва дар байни бастҳо 15 дақиқа танаффус муқаррар карда мешавад.

Масъулини муассисаҳои таълимӣ дар байни бастҳо дар синфхонаҳо корҳои безараргардониро ҳатмӣ ба роҳ монанд.  Синфҳои ибтидоӣ ба зергурӯҳҳо ҷудо гардида, бо назардошти аз ҷониби як омӯзгор бурда шудани дарсҳо бо навбат бо таъмин намудани фосилаи иҷтимоӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки ғунҷоиши хонандагон ба талаботи санитарӣ - эпидемиологӣ мувофиқат мекунанд (муассисаҳои таълимии камнуфус, хусусӣ, литсей ва гимназияҳо), дарсҳо тибқи муқаррарот ба роҳ монда мешавад.

Дар ҳолати зарурат дарсҳо тавассути платформаи Мактаб - мобайл, барномаҳои шабакаҳои иҷтимоии Онлайн ва Офлайн ва дарсҳои радиову телевизионӣ дар чорякҳои якум ва дуюм ба роҳ монда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД