arzon replenishment
Дари баста боз ва ба тифли даҳсола кумак расонида шуд
24.01.2025
ОИЛА.ТҶ
498

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз кумак ба тифли даҳсолае хабар дод, ки паси дари баста монда буд.

- 23-юми январи соли 2025, соати 01:01 дақиқа шаҳрванд Исмоил Самизода ба навбатдории маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дари даромадгоҳи асосии як бинои баландошёна дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои пойтахт баста шудаву як писари даҳсолаи ӯ дар хона танҳо мондааст. Барои кумак ба шаҳрванд ва бартараф намудани ҳолати баамаломада соати 01:04 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд. Соати 01:55 дақиқа дарро кушоданд. Писари соҳибхона ниёз ба кумаки равониву тиббӣ надошт,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки имдодгарон бо волидони кӯдак дар мавриди паёмадҳои эҳтимолии танҳо дар хона гузоштани кӯдаки ноболиғ суҳбат кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД