Formula novemver 2024
Дарди дили зане, ки 135 кило вазн дошт
1417


Салом хонандахои азиз! Мехоҳам қиссаи зиндагиамро ба шумо нақл кунам. Замони духртарак буданам ман химчамиёну зебо будам, вале баъди оне, ки шавҳар карда, дугоник таваллуд кардам, якбора фарбеҳ шудан гирифтам ва вазнам ба 135 кило расид.

Табибон мегуфтанд, ки ба реҷаи хӯрокхӯрӣ риоя намуда, хӯрокҳои хамириро камтар хӯрам, вале ман тез-тез гушна мешудам ва ҳатто нисфишабӣ гурусна шуда аз хоб мехестаму ягон бурида нон ва ё ширинӣ мехурдам.Бовар кунед, ҳатто шабҳо хӯрокхои бомаззаро хоб медидам ва гӯё ду меъда дошта бошам, ҳеҷ б хӯрдан сер намешудам. Рӯз ба рӯз шикамам калонтар шуда, аз дидани симои худам дар оина ба даҳшат меафтодам. Шавҳарам, ки табиатан камхӯрок буд, ин холати маро дида зик мешуд ва зорӣ мекард, ки иродаамро ба даст гираму аз хӯрдани хӯрокхои серғизову гӯштӣ даст кашам, аммо ман бо ӯ чанг карда, хӯрокхурии хирсонаамро давом медодам. Вакте ки бори охирин ба назди духтур рафтам, гуфт, ки апа, то 50 килло вазнатро напартоӣ, ман туро табобат намекунамат ва таъкид намуд, ки сабаби касалии канду иллати меъда ва дарди пойҳоям вазни барзиёди баданам аст. Қаҳрам омада дигар ба назди духтур нарафтам.

Шавҳарам гапи духтурро фаҳмида хандиду гуфт, ки духтур чони гапро гуфтааст. Ман сахт ранҷида бо шавҳарам қаҳрӣ шудам ва “мурам ҳам хӯрда мурам, крат ба шиками ман набошад” гӯён, аз ӯ рӯ тофтам.
Рӯзе дар набудани шавхарам утоқи кор мекардагиашро тоза кардаму чашмам ба смсхои фиристодааш ба як зан дар Одноклассник афтид. Шавҳарам бо хонуми хеле зебову харобаке гап зада навишта буд, ки "чаро шумо ин қадар нозукнихоледу зани ман фарбеҳ. Зан дар ҷавоб смайлики ханда равон карда навиштааст, ки “занат ранги хирс ми?” Шавҳарам "ҳа, рӯз ба рӯз вазнаш зиёдтар мешавад, ман дар пеши занам ранги мурчаам”навишта дарди дил кардаасту зан “мурча бо хирс! Ҳа-ҳа-ҳа!” гӯён ба ҳоли ман хандидааст. Дигар давомашро хонда натавонистаму зор- зор гиристам, вале баъди холӣ шудани дилам ба интернет даромада ба гугл савол навиштам, ки чи тавр хароб шудан мумкин аст? Ва оғоз кардам ба хароб кардани вазни худам.
Инсонҳои ба фарбеҳӣ мубталошуда, новобаста аз синну сол аз зуд хасташавӣ, нафастангӣ, арақкунии зиёд, дарди пойҳо, бадшавии ҳазми ғизо шикоят доранд. Онҳоро хатари вайроншавии ғадудҳои тарашуҳи дохилӣ, бемории фишорбаландӣ, атеросклероз, бемории қанд ва ба вуҷуд омадани марги нобаҳангом таҳдид мекунад. Табобати фарбеҳӣ, дар навбати аввал, иродаи қавиро талаб мекунад. Маҳз иродаи қавӣ метавонад инсони фарбеҳро аз ин роҳи пурмашаққат гардонад. Дуюм, риояи парҳези ғизо ва машқҳои ҷисмонӣ будааст. Ман инро фаҳмида, аз паси машқ шудам, зеро баъди хондани мукотибаи шавҳарам бо он зан дарк кардам, ки дигарон ба ҳоли ман механданд ва агар пеши роҳи фарбеҳшавиамро нагирам, шояд ба ягон касалии дигар аз қабили сактаи дил, качшавии сутунмӯҳра ё фишори хун гирифор шуда, аз пойи равон ҳам монам, бинобар ин, ба худ аҳд кардам, ки тамоми иродаамро ҷамъ карда, барои раҳоӣ аз вазни зиёдатӣ мубориза мебарам. Ҳамеша намози шабро мехондам, зеро медонистам, ки ин ҳам барои саломатӣ мисли машқи бадан асту ҳам кори савоб. Рӯзона фақат биринҷоба ва меваву сабзавот хӯрда, баьди соати 15.00 умуман хӯрок намехурдам. Ҳамин тавр дар 7 мох 40 килло вазнамро партофтам. Хеле азоб кашида бошам ҳам, ниҳоят ба мақсади худ расидам. Шавҳарам акнун ба ман аҳамият медиҳад. Росташро гӯям, дар бораи смсҳояш дар Одноклассник ба он хонум чизе нагуфтам, зеро намехоҳам зиндагиамро б дасти худам вайрон кунам.Фақат ба он хонум гуфтаниям:
Эй хонуми харобак! Ман дигар хирс нестам ва ба ту иҷозат намедиҳам, ки ба зиндагии оилавиам бинӣ халонӣ. Шавҳарамро дӯст медорам. Ман иродаи қавӣ дорам ва метавонам сарриштаи ҳама чизро ба даст бигирам. Аз ту зебову аз ту хушбахттарам. Дониста бш, ки шавҳарам ману писаронамро ҳаргиз барои як ишваи ту намепартояд. Барои он СМС-ҳои навишаат аз ту хафа нестам. Раҳмат, ки чашми маро кушода, ҳаётамро ширин гардонидӣ!
Бо эҳтиром: Мавлуда Наимӣ
Таҳияи Шаҳлои Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД