arzon replenishment
Дарди дили пирамарди майзада Қисми 1
2267

 

Мо инсонҳо зоҳирбин ҳастем. Ба одамон ба зоҳирашон нигоҳ карда баҳо медиҳем. Фикр намекунем, ки аз дили одамон чӣ мегузарад. Суҳбати як пирамарди майзадаи 70-сола андешаи маро нисбати инсонҳо тағйир дод. Ба хулосае омадам, ки ҳеҷ чиз бесабаб нест ва инсонҳо дар зиндагӣ ба фоҷеае гирифтор мешаванду худро аз даст медиҳанд. Навиштаи зерро, ки ҳатто як ҷумлаи бофта ҳам надорад, бароятон пешниҳод мекунам. Худ хулоса бароред.

Пирамарди майзада

Марди тахминан 70-сола калавида-калавида, аз ошхона берун шуд. Аз қафояш соҳиби ошхона баромада, садо кард:

-Агар бори дигар ин ҷо биёӣ, поятро мешиканам! Ҳатто сояатро дар ин атроф набинам, "мошенник"...

Марди сархуш ба ҳарфҳои ноҷои ҷавон эътибор надод, чизе ҳам нагуфт, фақат даст афшонду сӯи харак, ки канортар аз қаҳвахона буд, раҳсипор шуд. Инро дида, ду мард, ки то ин дам рӯи харак менишастанд, нимхез шуда:

- Бетамиз, дар ин синну сол шарм намедорӣ? - гуфта, марди сархушро танҳо гузошта рафтанд. Марди сархуш, чизе гуфт, аммо боз ҷавоби қабеҳтар шунид:

- Садқаи суҳбат шавӣ, пири беимон!

Насиҳат

Мард болои харак қарор гирифт, нафасашро рост карда, гирду атрофро як-як аз назар гузаронид. Чашмаш ба ман афтод, ки дар ҳамин фурсат назди терминали бонкӣ меистодаму ҳамзамон, моҷароро мушоҳида менамудам.

-Хондагӣ барин менамоӣ. Ман ҳеҷ куҷоро нахондаам, аммо бисёр чизҳоро медонам. Он чӣ ки ман медонам, дар унверситет онро намеомӯзанд. Ин дарси зиндагӣ, мактабӣ ҳаёт аст! Мефаҳмӣ? Зиндагӣ!

Касе бо ман сӯҳбат намекунад, маст омад, гуфта, мегурезад. Мефаҳмӣ? Ор мекунанд. Ман ҳам одам ҳастам, гап задан мехоҳам, ғубори дил баровардан мехоҳам. Дилам лабрез. Мефаҳмӣ?

Ман ба ту чорта маслиҳат медиҳам, хоҳӣ аз рӯи он амал кун, нахоҳӣ... худат боз медонӣ... Фақат гӯш кун!

Асло нисбати фарзанди инсон дуои бад макун!

 

Дарди дил

Пирамарди майхора ба суҳбаташ идома дод:

Панҷоҳ сол механизатор шуда, дар колхоз кор кардам. Дар мавсимаш кирмакпарварӣ ҳам мекардам. Баъди кор, бегоҳ баргашта, барои кирмак барг ҷамъоварӣ мекардам. Як рӯз дар болои тут барг мезадам, писарам дар поён навдаҳои баргдорро даста мекард. Ҳангоми кашонидани бандҳо беэҳтиётӣ карда, ниҳоли наврустаи пахтаро поймол кардааст. Бригадири колхоз, ки иттифоқан ҳаминҷо будааст, инро дида, ба сари писараки даҳсола дод зад. Дар аввал эътибор надодам, чун доду войи бригадирро бисёр шунида, ба он одат карда будам. Вале ин дафъа аз ҳад гузаронд. "Ба сари мурдаат нишинам, ҷувонимарг шав" - ана ҳамин хел гуфта, дуои бад кард. Ростӣ, ин гап вуҷудамро ларзонд. Дигар сабрамро аз даст додам. Ҷаста аз тут фаромадам. Бо бригадир рӯю мӯйканӣ кардем...

Субҳи дигар котиби ташкилоти партиявӣ ба хона омада, фармуд, ки зуд ба идораи колхоз равам, билети партиявиро ҳам ҳамроҳам гирам. О, ман коммунист будам-ку! Коммунист! Ту мефаҳмӣ?

Раиси колхоз марди дурандеш буд, маро хуб мешинохт. Механизатори пешқадам гуфта, ваъда дода буд, ки орден медиҳад. О, вай вақтҳо даврони камбағалпарвар буд-ку! Коргар депутат мешуд! Колхозчӣ орден мегирифт! Ту мефаҳмӣ? Ҳолӣ орденро нагирифта, колхозчиҳо ба табриккунии ман сар карданд. Сари чанд гардандароз (арақ) - ро ҳам хӯрдем. Ниҳоят, орден омад, аммо ба номи дигар кас. Ана ҳамон бригадир бо кадом роҳе орденро гирифт. Аммо баъди орденгирӣ бригадир зери таънаи колхозчиён монд. Ана ҳамин сабаб шуду маро бад дида монд. Болои сари писаракам дод зада, дуои бад карданаш ҳам аз бухсу кинаи куҳнааш буд.

 Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД