Cалом ба кормандону хонандагони минбари розу ниёзи мардум – сомонаи “Оила”.
Пештар вақте матолибатонро аз ҳар кунҷи кишвар мехондам, фикр мекардам, ки онҳо бофтаву хаёлианд, чунки бештари вақт шумо ҳодисаҳоеро инъикосу барррасӣ мекунед, ки камтар мешавад ба онҳо бовар кард, то агар ба чашми сар набинӣ. Вале тақдир маро бо воқеаҳое рӯбарӯ кард, ки акнун дарди дили ҳаводорону муштариёни шуморо дарк мекунам ва мефаҳмам, ки қиссаҳоятон воқеӣ ва аз қаҳрамонони зиндаанд, чун ман худам яке аз онҳоям.
Ду сол пеш вақте донишгоҳро хатм кардам, дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ба ҳар дар сар задам. Пешниҳодҳо албатта буданд, вале ба шароиту ихтисоси ман мувофиқат намекарданд. Як дугонаам тавсия дод, ки беҳтар аз ҳамаи касбҳо омӯзгор шавам.
Бо ин ният дари мудири маорифи шаҳри Ваҳдатро, ки худ зодаи он ҷоям, кӯфтам. Устод маро хуш қабул карда, мақсадамро фаҳмид ва тавсия дод, ки дар як муассисаи маркази шаҳр ба ҳайси омӯзгори фанни технологияи информатсионӣ ё ба истилоҳ компютер корро сар кунам.
Рӯзҳои аввали кориам хуб мегузаштанд ва аз ин тавсияи дугонаам беҳад шод будам, аммо бо гузашти акнун 2 сол дилам тамоман аз мактаб монд ва дигар намехоҳам ба ин ҷода қадам гузорам.
Инчунин, хонед:
Тибқи тақсимоти ҷадвали дарсӣ ба ман синфҳои аз 7, 9 ва 10 ҷудо шуданд, чун омӯзгори ҷавон ва навкор будам. Ҳар рӯз бо шавқ ба дарс омода шуда мерафтаму кӯшиш мекардам, ки ба шогирдонам чизеро омӯзонам. Албатта, дар шароити имрӯз барои ҳар як хонанда тамоми имконият мавҷуд аст, вале қисми ками онҳо майли хондан доранд. Талабаҳоям аълохон набошанд ҳам, ба ҳар ҳол, бад набуданд, аммо одобашон бо 2 пой сахт мелангид. Бачаҳо аз духтарҳо баъзан мегузарониданду духтарон синфро ба сар мебардоштанд.
Аммо, дар ин миён хонандагони 2 синф – 7 ва 10 боре дар дарсам овоз намебароварданд, маро гӯш мекарданд, дарсҳоро мехонданд ва дар коридору ҳавлӣ эҳтиромам мекарданд. Ба худ мегуфтам, ки дар ин мактаб фазои як бому ду ҳаво мавҷуд аст, вале сабаби ин дилсӯзиро дертар фаҳмидам.
Ҳамчунин, хонед
Рӯзе вақте аз дарси синфи 10 беун шудам, талабае аз пасам омада, маро нигоҳ дошт ва гуфт:
- Муаллимаҷон, ҳамсинфи мо Ш. ба шумо ошиқ шудааст.
Мани содалавҳ инро шӯхӣ пиндошта, якбора хандаи баландро сар додам. Ин гап дар назарам аҷоиб ва хандаовар тофт. Аммо, духтарак қасам мехӯрд, ки дурӯғ намегӯяд ва маҳз ӯ, ки ба қавле зӯри синфашон будааст, дигаронро маҷбур мекардааст, то ба дарсам тайёр шуда оянд ва маро мисли дигар муаллимон ғам надиҳанд, в-агарна ҷазояшон медодааст.
Чанд рӯз аз ин кор ҳам асабӣ будаму ҳам механдидам, ки охир, ӯ аз хоҳари хурдии ман хурдтар ва аз худам қариб 7 – 8 сол майда аст. Минбаъд аҳаммият медодам, ки дар дарсҳоям дар партаи пеш ва рӯбарӯи ман нишаста, чашмонашро аз рӯям намеканад, гап намезанад ва фақат механдад. Зиёд ҷангаш мекардаму маҷбур, ки ба ақиб рафта шинад, аммо аз ҷояш намеҷунбиду ягон ҳарф намегуфт.
Бо гузашти вақт ин ҳолатро муқаррарӣ қабул карда, дигар бо он талаба сарбасар нашудам, аммо воқеаи дигар маҷбур ба тарк кардани мактабам кард.
Бо пайравӣ аз ин талаба хонандаи дигаре ошиқам шудааст, ки ҳанӯз синфи 7 буда, аз даҳонаш бӯйи шир меомад. Ана ёбу гир. Ин ҳам аз ҳамон зӯрҳо буда, талабаҳояшонро барои гӯш кардани ман маҷбур мекардааст. Худаш рӯирост мегуфт, ки маро хеле зиёд дӯст медорад.
Ҳарчанд мефаҳмонидамаш, ки ман муаллимааш ҳастаму аз ӯ 10 сол калон, аммо “фарқ надорад, чунки ман дӯст медорам” мегуфт.
Оҳиста – оҳиста ин гапҳо дар мактаб овоза шудан гирифтанд ва ҳар рӯз як муаллима воқеӣ буданашро аз ман мепурсид. Бо ҳар баҳона аз дарс додан ба ин синфҳо худдорӣ мекардам, вале намешуд. Ҳатто ҳамон рӯзҳо ба мактаб намерафтам, аммо дигар илоҷ намонд. Аз ин рӯ, дигар тоб наовардаму ариза навишта, аз кор рафтам.
Ҳоло меандешам, ки оё дар ин синну сол ва ба муаллимаи аз худ 10 сол калон ошиқ шудани як кӯдак чӣ маъно дорад аст? Шумо ба ман тавсия диҳед, ки оё рафтори дуруст кардам?
Дилноза,
собиқ омӯзгор аз шаҳри Ваҳдат