Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар робита ба навори муноқишаи ду зан, ки гӯё модари хонанда бо муаллима муноқиша ва ӯро латукӯб кардааст, вокуниш кард.
Аз ин ниҳод ба сомонаи "Оила" гуфтанд, ки ин иттилоъ воқиеят надорад. "Муноқиша дар назди мактаби №14-и ноҳияи Шаҳринав, ки дар паҳлуи роҳ ҷойи нишаст барои истироҳати сокинон сохта шудааст ва ба ҳудуди муассисаи таълимӣ дохил намешавад, рух додааст. "Ду нафар сокинони ноҳияи Шаҳринав, ки қаблан хусумати шахсӣ доштаанд, дар он ҷо вохӯрда бо ҳам муноқиша намудаанд",-таъкид кард манбаъ.
Хабари мазкурро котиби матбуотии ВКД Нусратулло Маҳмадзода низ тасдиқ карда, гуфт шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳринав нисбат ба ин ду нафар чораҳои қонунӣ андешидааст.