Салом бародарону апаҳои азиз!
Ман аз шумоён хурдтарам ва мехоҳам дар ҳалли як масъалаи хеле дарднок, ки чанд вақт боз азобам медиҳад, аз шумо маслиҳат пурсам. Ба наздики волидайнам ҳатто розигиамро напурсида, маро ба духтари як хеши дурамон хонадор карданд. Арӯсро рӯзи тӯй дар таги чодар дидам ва аз нигоҳи аввал дилам шуввӣ карда рафт, зеро духтар натанҳо ба ман маъқул нашуд, балки бо диданаш якбора баданам виҷиррос зада, ба танам мурғак дамид, вале ба хотири наранҷонидани падару модарам ночор лабамро зери дандон гирифта, чизе нагуфтам. Гап сари он аст, ки ин духтар дар синни наврасиаш бо сабабҳои барои ман номаълум худсузи карда будааст ва ними баданаш сӯхтагӣ аст. Албатта ҳамаи м офаридаи Худованд ҳастем ва касеро безеб гуфтан мумкин нест, вале бо дидани изҳои даҳшатноки сӯхтагӣ дар бадани арӯс дили ман шӯрида, ҳатто ба ӯ наздик нашудам.
Шаҳу арӯси нав бошем ҳам, мо мисли ду бегона дар як хона зиндагӣ карда истодаем. Корам танҳо оҳ кашидану дарун ба дарун сӯхтан аст. Мард бошам ҳам, барои бахти забун гаштаам месӯзам, охир падару модарам ба таври худ ба ман некӣ карда, ҳаётамро якумра сӯхтанд. Ростӣ, аз фикру хаёли бисёр одамгурез ва асабонию хаёлӣ шудааму метарсам, ки ба ягон бемории рӯҳӣ гирифтор шуда намонам. Волидонам маро маҷбурӣ ба назди домуллоҳо дуохонӣ мебаранд, зеро гумон доранд, ки байни ману арӯс банд афтодааст.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Ба падару модарам чи тавр рости гапро бигӯям?
Бо эҳтиром: Ҳаким
Таҳияи Шаҳлои Наҷмиддин