formula feb 2025
Дар вилояти Суғд Мусобиқаи байналмилалии пойга баргузор шуд
304

Дар вилояти Суғд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи миллии “Пойга” баргузор гардид, ки дар он варзишгарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон иштирок намуданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар чорабинии варзишӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб ва раиси Федератсияи пойга ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Рамазонзода низ ширкат варзида, ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намудаанд.

Таъкид гардидааст, ки дар доираи ташкили чорабиниҳои таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, афзун намудани сафи дўстдорони табиат ва рушди соҳаи асппарварӣ дар вилояти Суғд ҳамасола ташкил ва баргузор гардидани бозии миллии «Пойга» ба ҳукми анъана даромада, имрӯз 27-умин мусобиқа доир гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми марти соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд 9004 сар асп парвариш карда мешавад, ки аз он 1811 сар дар бахши кишоварзӣ ва 7193 сар дар бахши хоҷагиҳои аҳолӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД