arzon replenishment
ДАР ВАЙРОНШАВИИ ОИЛААТ МАРО ГУНАҲГОР НАКУН, АМИН!
21.10.2020
ОИЛА
4835


Дар утоқи корӣ нишаста будам, ки ба телефонам занг омад. Гӯширо зуд бардоштам. Садои боғазаби Собира ба гӯшам расид, ки мегуфт: “Эй тарпоча, эй хонавайронкун, эй ифлоси қади роҳ, ту то кай сари додари моро гиҷ карда, оилаи падару модарамро ноором мекунӣ!”.

Ҳайрон шуда гуфтам: “Апа, ман чӣ гуноҳ дорам, охир бародаратон дӯст дошта бошад, айби ман чӣ, ӯро саришта кунеду маро дар вайроншавии оилааш гунаҳгор насозед!”

Собира ҳамоно доду фиғон бардошта  мегуфт: “ Амин, занашро аз рӯи туи ҳаромхиштак пеш кард, се фарзанди ӯ маҳз бо айби туи бероҳа дар кӯча монданд. То кай додари моро ҷодугарӣ карда, мегардӣ? Рафта, дар ҷойи корат туро шармандаи ду олам нагардонам, номам Собира набошад”.

Чанд лаҳза ба худ наомадам. Ашки чашмонам рӯямро мешустанд. Ба Амин занг зада, буду шуди гапро гуфтам. Амин ба ғазаб омада, гуфт, ки апаҳояш мудом ба зиндагии шахсии ӯ дахолат карда, сабабгори бадбахтиҳояш мегарданд. Ҳатто гуфт, ки ҳозир ба апаам занг зада мегӯям, ки ба зиндагии ман кордор набошад. Занам қаҳр карда рафта бошад, ин хоҳиши худи ӯст, вале ман маҳбубаи навамро ба ягон моли дунё иваз карданӣ нестам!

Лаҳзае пас боз ба телефонам Собира занг зада гуфт: “Ту ҷодугари шайтон ба додари ман чӣ гуфтӣ, ки вай маро бо дашномҳои болохонадор ба осмони ҳафтум баровард? Ту падару модар надорӣ, ки тарбияи дурустат намуда, фаҳмонанд, ки зиндагии як оилаи хушбахтро вайрон карда истодаӣ. Аз ҳаёти додарам ба хубӣ гум шав, вагарна обрӯятро дар тамоми сомонаҳои интернетӣ ду пул мегардонам”.

Ин таҳдиди хоҳарбузурги Амин маро боз ба хашм овард. Ин дафъа ба Амин занг зада гуфтам, ки биё ҷудо мешавем. Ҳама аъзои оилаи шумо маро дар вайроншавии зиндагият гунаҳгор медонанд, вале бо шунидани ин суханҳо Амин доду фарёд бардошта, гуфт, ки интихоби маро касе рад карда наметавонад. Ман бо ту оиладор мешавам, дигар гапи касеро гӯш накун ва дилсард нашав!

Хонандагони азизи “Оила”! Ба мани дар дуроҳаи зиндагӣ ҳайрону зор маслиҳат диҳед. Аз Амин даст кашам ё бо ӯ оиладор шавам?

Дил, ш. Душанбе

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД