Дар Қубодиён китобҳои сеҳру ҷоду мусодира ва фолбин боздошт гардид
15.01.2026
Oila.tj
114

Кормандони милитсияи ноҳияи Қубодиён як ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷодуро муайян намудаанд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Хушматов Панжӣ Рузиевич, бо лақаби "Мулло Аҳмад", соли таваллудаш 1950, сокини ҷамоати шаҳраки Қубодиён дар манзили истиқоматияш ба воситаи китобҳои марбут ба сеҳру ҷоду ба фолбинӣ ва сеҳргарӣ машғул буда, ин амали нангинро пешаи худ қарор дода, онро ба василаи ба даст овардани фоидаи муфт табдил додааст.

Нисбати номбурда бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба суд ирсол карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД