Дар минтақаи Шишлии шаҳри Истанбули Туркия тани бесари занеро аз қуттии ахлотпарто ёфтаанд. Маълум шудааст, ки зани кушташуда шаҳрванди Узбекистон Дурдона Ҳакимоваи 37-сола буда, бо сабабҳои номаълум дар Туркия сарашро аз тан ҷудо кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ин зани узбек дар Туркия мағозаи калони фурӯши ашёҳои гуногуни шикориро боз намуда, тоҷири муваффақ будааст.
Тавре РИА “Новости” дар такя ба нашрияи маҳалии Sabah навиштааст, ҷисми бесари занро марде, ки қуттиҳои ахлотпарторо мекофтааст, тасодуфан пайдо карда, ба пулис хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки сари занро аз танаш ҷудо карда, пойҳояшро буридаанд ва тани бесари ӯро ба пакети полиэтиленӣ андохта, ба қуттии ахлот партофтаанд.
Сари занро то ҳол пайдо накарданд, вале дар робита бо ин ҳодиса пулиси Туркия се мардро бозошт намудааст, ки ду нафарашон шаҳрвандони Узбекистон буда, нияти аз Туркия фирор кардан доштаанд. Гумонбарони куштор Дилшод Турдимуротови 31-сола ва Ғафурҷон Камолхоҷаеви 29-сола зодаи Узбекистон буда, гумонбари дигар Экрем 58 сол дорад ва шаҳрванди Туркия гуфта мешавад. Ин мардон нисбати Дурдона Ҳакимова чӣ қасд доштаанд ва чаро сари ин занро аз танаш ҷудо кардаанд, маълум нест.