Заминларзаи шадид, ки ҷони ҳазорон-ҳазор одамони бегуноҳро дар Туркия ва Сурия рабуда, вайрониву харобиҳои биёре овард, ҳамоно қатъ намегардад. Офати табиӣ мисли аждар панҷаҳои гирои худро аз гулӯи сокинони ин кишварҳо бардоштанӣ нест. Дирӯз дар Туркия боз замин ҷумбида, харобиҳои зиёдеро ба бор овард.
Дар натиҷаи заминларзаи шадид, ки бегоҳи 20-феврал дар Туркия ба вуқуъ пайваст, 4 нафар фавтида, 213 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу хабар додааст. Вазир аз шаҳрвандон хостааст, ки ба биноҳои харобгашта наздик ва ворид нашаванд.
Заминларзаи шадид дирӯз боз дар қисмати ҷанубии Туркия сар зад. Замин ду маротиба ҷунбида, қувва ё мангитудаи он ба иттилоъи зилзиласанҷон 6, 4 ва 5, 8 бал будааст. Заминларзаи аввал соати 20.04 сар зада, баъди ин боз як маротибаи дигар замин сахт чунбид.
Ёдрас мешавем, ки зимни заминларзаи сахте, ки субҳи рӯзи 6- феврал сар зада буд,танҳо дар Туркия ҳудиди 44 ҳазор нафар одамон ҷони худро аз даст дода, садҳо биноҳои баландошёна дар як мижа задан ба хоки сиёҳ яксон гаштанд.