Бо мақсади ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва ватанӣ ба иқтисодиёти мамлакат, ташкили ҷойи нави кор, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии кишвар ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот соли равон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1 миллиарду 455 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонидааст.
Дар доираи татбиқи ин созишномаҳо таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор пешбинӣ гардидааст.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода, гуфт, ки дар доираи ин лоиҳаҳо бунёди якчанд корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва маъдантозакунӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.