Дар Тоҷикистон шумораи одамони 100-сола зиёд шудааст
99

Дар Тоҷикистон шумораи одамони дарозумр, ки беш аз 100 сол умр доранд, торафт зиёд мешавад. Тибқи маълумотҳои расмӣ айни замон дар ҷумҳурӣ 415 нафар кампиракон ва мӯйсафедони табаррук зиндагӣ мекунанд, ки умрашон аллакай аз сарҳади 100-солагӣ гузаштааст.

Тибқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа шахси аз ҳама калонсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марзиямоҳ Ибодоваи 120-сола аз Дарвоз мебошад. Гулракат Назароваи 117-сола аз Данғара дуюмин одами дарозумр дар кишвари мо будааст.

Омор нишон медиҳад, ки дар аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 306 нафар одамони аз 100-сола боло ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 169 нафар мардон ва 137 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Давомнокии миёнаи умр дар Тоҷикстон 76,6 солро ташкил медиҳад. Коршиносон дарозшавии умри одамонро дар Тоҷикистон ба рушди иқтисоди кишвар, коҳиши ҳолатҳои марг ва талошҳои муваффақ дар самти мубориза бо бемориҳои дилу рагҳо марбут медонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД