Пагоҳ, 20-уми май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, зимни ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон барномаи консертии устодони санъати Озарбойҷон пешниҳод мегардад.
Ҳамзамон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи «Мероси миллӣ: дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон» манзур гардонида мешавад.
Гуфта мешавад, ки 21-уми май дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баргузории Шоми мусиқии этноҷаз дар назар аст.