Дар Тоҷикистон охири ҳафта ҳаво сард мешавад
12.12.2024
ОИЛА.ТҶ
942

Дар Тоҷикистон, хусусан дар ноҳияҳои кӯҳистон охири ҳафта ҳаво сард мешавад. Якбора паст шудани ҳарорати ҳаво аз 15-уми декабр дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар вилояти Хатлон рӯзҳои 15-16-уми декабр бориши борон бо барф, дар баъзе ноҳияҳо яхбандӣ эҳтимол дорад. Ҳарорати ҳаво шабона дар водиҳо аз 0 то -8, рӯзона +10+15 мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ 15-16-уми декабр дар баъзе ҷойҳо борон бо барф меборад. Ҳарорати ҳаво шабона то +4, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ 15-16-уми декабр борон бо барф дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар баъзе ноҳияҳо то -35 дараҷа паст мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Дар Тоҷикистон охири ҳафта ҳаво сард мешавад
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси