Дар Тоҷикистон гӯшт гарону мева арзон шудааст
267

Аз моҳи сентябри соли 2024 то сентябри соли 2025 нархи маҳсулоти истеъмолӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 2,2% боло рафтааст. Дар ин бора Агентии омор хабар медиҳад.

Болоравии нарх дар навбати аввал ба гӯшту сабзавот ва равған дахл дорад. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз навъҳои мева ва маҳсулоти ширӣ арзон шудаанд. Дар байни сабзавот аз ҳама бештар нархи карам ва сабзӣ зиёд шуд, ки мутаносибан 60% ва 50%-ро ташкил медиҳад. Нархи равғани офтобпараст низ ба андозаи 8,5% зиёд шуд.

Гӯшти гӯсфанд дар ин давра 14,3% ва гӯшти гов 12,6% гарон шуданд. Арзиши орд ба андозаи 10,1%, биринҷ - 3,1% ва панир - 6,1% поин рафт. Дар ҳамин ҳол, дар бозор анор 28,2%, себ - 16% ва мандарин 14,6% арзон шуданд.

Аз маҳсулоти ширӣ поинравии нархи шир ба андозаи 4,1% ва равғани маска - 2,7% ба қайд гирифта шудааст.

Ба сурати умум, тибқи маълумоти расмӣ, мизони таваррум дар Душанбе дар нархҳо ба ғизо муътадил боқӣ монда, лекин баъзе маҳсулоти мавсимӣ бамаротиб гарон шудаанд.

Нишондиҳандаҳои мазкур ба ҳисоби миёна гирифта шуда, ба маълумот дар бозорҳои пойтахт асос ёфтааст. Дар минатқаҳои кишвар вобаста ба мавсим, логистика ва сатҳи даромади аҳолӣ, нархҳо метавонанд ба таври назаррас фарқ кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД