Arzon march 2024
Дар Тоҷикистон дар кадом соҳаҳо коррупсия бештар аст?
269

Дар бадали шаш моҳи соли равон аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 1267 ҷиноятҳои хислати коррупсионӣ дошта ошкор карда шуда, нисбати 694 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст.

Дар ин бора Сулаймон Султонзода, сарвари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ додааст.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, дар соҳаи маориф ва илм 100 ҷинояти хислати коррупсионӣ дошта, дар бахши тақсимоти барқ 80, дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 74, дар бахши хоҷагии қишлоқ 50, соҳаи заминсозӣ ва бақайдгирии амвол 54 ва дар бахши фаъолияти бонкӣ 35 ҷиноятҳои коррупсионӣ содир шудаанд.

Маблағи умумии зарар аз чунин ҷиноятҳо 251,1 млн сомониро ташкил медиҳад. Аз маблағи зикршуда 240,5 млн сомониаш барқарор карда шуда, ба буҷаи давлат ворид гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД