Дар Тоҷикистон боз як усули нодири ҷарроҳии асаб ҷорӣ гардид
14.10.2025
Oila.tj
158

Ҷарроҳони шуъбаи ҷарроҳии асаби Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аввалин маротиба амали ҷарроҳии гирифтани омоси чуқур ҷойгиршудаи қисми мобайнии мағзи сарро бомуваффақият анҷом доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ба шуъбаи номбурда як нафар ҷавондухтар бо аломатҳои шадиди гипертензионӣ ва вайроншавии координатсия муроҷаит кард. Дар натиҷаи муоинаи ҳамаҷониба (КТ, МРТ ва офталмоскопия) ҳосилаи ҳаҷмии қисми ақибии меъдачаи 3-юм бо нишонаҳои обструксияи ҷӯяки силвиевӣ (водопровод мозга) ва афзоиши раванди гидросефалияи окклюзионӣ дарёфт карда шуд. Дар заминаи ин, аломатҳои гипертензияи дохиликосахонагӣ, ба монанди бандшавии диски асаби босира низ дар бемор ба қайд гирифта шуд.

Бо назардошти ҷойгиршавии ҳосилаи ҳаҷмӣ, афзоиши босуръати нишонаҳои клиникӣ ва сатҳи баланди хатари декомпенсатсия ба қарор омада шуд, ки ба бемор амалиёти ҷарроҳӣ бо истифодаи гузаргоҳи мураккаби мағзи сар байнинимкурагии траснкаллиёзӣ- траснвентрикулярӣ-трансхороидалӣ ба қисми ақибии меъдачаи 3-юм гузаронида шавад. Дар рафти амалиёти ҷарроҳӣ асбобҳои зарурӣ барои назорат ва резексияи пурраи ҳосилаи ҳаҷмӣ истифода бурда шудаанд.

Ба гуфти ҷарроҳони шуъбаи ҷарроҳии асаби муассисаи мазкур, ин амали ҷарроҳӣ бо краниотомияи маҳдуд дар минтақаи пеши парсагиталӣ аз рост оғоз ёфт. Бо истифода аз тасвиргирии дохилиҷарроҳӣ (УЗИ) дастрасии траснкаллиёзии банинимкурагӣ ба пайкари каллиозӣ (мазолистое тело) пайдо карда шуд, ки баъди он траектория ба тарафи меъдачаи паҳлуӣ аз рост бо даромади баъдӣ ба ковокии меъдачаи 3-юм, бо роҳи суб ва траснхороидалӣ дар байни бофтаи рагӣ (сосудистое сплетение) ва венаи амиқи мағзи сар муайян карда шуд. Дар қисми ақибии меъдачаи 3-юм, дар наздикии ҷӯяки силвиевӣ (водопровод мозга) бофтаи патологии рангаш хокистарӣ, ки роҳҳои ликворгузарро обтуратсия карда буд, мушоҳида гардид. Дар натиҷа ҳосилаи тахминан глиалӣ ба пуррагӣ гирифта шуда, тафтиши эндоскопии мавқеи ибтидоии афзоиш мавҷуд набудани бофтаҳои боқимондаро тасдиқ кард.

Амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз микроскопи муосир, ки иқтидори тағйир додани кунҷҳои биноиш, дақиқият ва дигар параметрҳоро дорад, гузаронида шудааст, ки ин дақиқияти баланд дар ҳама марҳилаи ҷарроҳиро таъмин мекунад.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол вазъи саломатии бемор хуб аст ва шикоятҳое, ки то баргузории ҷарроҳӣ доштанд, пурра бартараф карда шуда, айни замон тибқи маълумотҳои МРТ-и такрории майнаи сар бо маҳлули контрастӣ боқимондаҳои омосии мағзи сар дида намешавад. Гузариши роҳҳои ликворгузар барқарор карда шудааст. Айни замон хулосаи гистологӣ муайян шуда истодаат, ки тибқи он тактикаи табобати минбаъда дақиқ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД