Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзҳои 24-25-уми май дар ҷумҳурӣ боронҳои пуршиддат, сел, раъду барқ ва жола пешбинӣ шудааст.
Дар робита ба ин ҳушдор, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво бори дигар ба идораҳои дахлдор ва аҳолӣ муроҷиат намуда, таъкид кардааст, ки барои пешгирии оқибатҳои сел каналҳо, селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро тоза кунанд.
Кумита ҳамзамон ба саҳми волидон расонидааст, ки фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузоранду онҳоро ба моҳидорӣ ва чорвочаронӣ, инчунин ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш равон накунанд.
Таъкид шудааст, ки сокинон қабл аз борони бошиддат бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна санг ва хасу хошок тоза кунанд, то оби сел роҳи гузаштан дошта бошад ва ба ҳавливу қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ворид нашавад.