Commerce bank may-june 2026
Дар Тоҷикистон беш аз 32 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст
75

То 30-юми май дар Тоҷикистон 32 ҳазору 174 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ майдони кишт ва ҷамоавӣ 36 ҳазору 171 гектарро ташкил дода, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 170 сентнер мебошад.

Тибқи таҳлилҳои олимон, ҳар сокини кишвар соле ба ҳисоби миёна 130 килограмм картошка истеъмол менамояд, ки дар як сол 1,3 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон меъёри тависияшудаи итсеъмоли картошка барои як нафар 92 килограмм аст ва гуфтан бамаврид аст, ки барои таъмини аҳолии кишвар 830 ҳазор тонна картошка истеҳсол намудан зарур аст.

Асосан дар Тоҷикистон истеҳсоли картошка минтақаҳои водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, вилояти Суғд, водии Ҳисор, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд ва наъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД