Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ҷиҳати ҳаракати нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои мошингард маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ карда шуда, маҳдудиятҳои мавсимӣ дар ҳаракати мошинҳои боркаши калонҳаҷм ва вазнин дар роҳҳои асфалтпӯш дар шароити ҳарорати баланди ҳаво то 31-уми августи соли равон амал мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин давра ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани ҳарорати рӯзонаи ҳаво ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни зиёда аз 6 тонна дар роҳҳои мошингарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10:00 то 20:00 иҷозат дода намешавад ва чунин воситаҳои нақлиёт метавонанд танҳо шабона ҳаракат намоянд.
- Набояд фаромӯш кард, ки дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳои муқарраршуда, ҷарима ба андозаи аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст, ки он аз 3 ҳазору 900 то 5 ҳазору 460 сомониро ташкил медиҳад.