goodwell
Дар Тоҷикистон аввалин маротиба як амалиёти мураккаби ҷарроҳии кӯдакона гузаронида шуд
05.05.2026
Oila.tj
70

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз амалиётҳои мураккаби ҷарроҳии анаректалӣ, ба монанди клоака, ки дар кӯдакон модарзодӣ ба мушоҳида мерасад, дар як навзоди 6-моҳа бомуваффақият гузаронида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Раҳмонов Шоҳин Ҷалолович, номзади илмҳои тиб, мудири шуъбаи ҷарроҳии навзодон ва кӯдакони синну соли ширмаки Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” иброз доштааст, ки то кунун дар муассисаи болозикр чунин ҷарроҳиҳо гузаронида намешуданд ва танҳо этапи якуми табобати ингуна беморон бо роҳи гузоштани сигмастом иҷро карда мешуду халос.

Дар ҳамин замина, номбурда иброз медорад, ки барои табобати чунин беморони модарзодӣ дар соҳаи тиб этапҳои пай дар пай гузаронида мешаванд, аз ҷумла барои этапи дуюмро иҷро кардан, яъне амалиёти ҷарроҳӣ ба роҳ мондан, бояд гузаргоҳи ахлот аз паҳлуи шикам қатъ карда ва ба ахлот аз паҳлуи чап сигмастома гузаронидан лозим аст. Аз ин рӯ, то кунун бинобар сабаби бисёр душвор будан этапи дуюми табобати ингуна беморон иҷро карда намешуд.

Ба иттилои мутахассисони соҳа, дар дунё нуқсони модарзодии анаректалӣ намуди клоака аз 50 ҳазор ҳолати таваллуд дар 1-2 кӯдак ба назар мерасад.

Ҳамин тавр, дар рафти амалиёти ҷарроҳӣ нахуст ба бемор буриши қафои сагиталӣ иҷро гардидаву рӯдаи рости бемор ёфта шуда, он аз носуле, ки дар маҳбал кушода мешуд, ҷудо ва худи маҳбал озод гардида, дар натиҷа гузаргоҳи умумӣ кушода шуда, дар бемор амалиёти ҷарроҳии ректопластика, гинопластика ва уретропластика гузаронида шудааст.

Амалиёти ҷарроҳии мазкур зиёда аз 6 соат давом ёфта, хушбахтона он бидуни ориза ва бе хунрезӣ бомуваффақият анҷом дода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД