Рӯзи 1 сентябр дар тамом ҷаҳон “Рӯзи дониш” қайд карда мешавад. Ҳамасола дар ин рӯз дар кишвари мо бо иштироки Президенти мамлакат, намояндагони Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои марбута чандин муассисаҳои нави таҳсилоти миёна ва олӣ кушода мешаванд, ки аз пешрафту ободонии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Имсол низ дар ҷумҳуриамон боз 5 мактаби нави русӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Рӯзи 1-сентябр дар шаҳри Кулоб мактаби русии Константин Ушинский, ҳамчунин дар чор минтақаи дигар, аз ҷумла Душанбе, Хучанд, Бохтар ва Турсунзода мактабҳои нави русӣ ба истифода дода шуданд. Қабули ин мактабҳои нави русӣ тариқи онлайн сурат гирифт ва дар он Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар рафти кушодашавии мактаби русии шаҳри Кӯлоб, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва намояндаи "Россотрудничество" дар Тоҷикистон Иван Иванов иштирок доштанд.
Имрӯз дар кишвари мо 39 мактаби таҳсилашон ба забони русӣ фаъолият мекунад, ки тақрибан 27 ҳазор нафар хонандагон таълим мегиранд. Ҳамчунин зиёда аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ фаъолият дорад, ки фарогири ҳудуди ҳафтод ҳазор хонанда мебошад.
Дар маҷмӯъ имсол бо иштироки Президинти мамлакат ва Раиси шаҳри Душанбе 9 муассисаи таҳсилоти миёна ва як муассисаи олӣ кушода ва ба истифода дода шуд, ки панҷтои он мактаби русӣ мебошад.