Arzon march 2024
Дар Тоҷикистон 110 нафар занони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд
265

Тавре Самад Зафар, роҳбари Агентии мубориза бо маводи нашъаовар зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар соли 2024 аз ҷониби кормандони ин ниҳод 504 кг 353 грамм маводи мухаддир мусодира карда шудааст.

Дар маҷмуъ аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратӣ тӯли соли гузашта зиёда аз 4,3 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки нисбат ба соли 2023 ба андозаи 17% ё тақрибан 901,5 кг камтар мебошад.

Айни замон дар Тоҷикистон 4 ҳазору 14 нафар нашъамандон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 110 нафарашонро зану духтарон ташкил медиҳанд. Нашъамандӣ нисбатан коҳиш ёфта, шумораи шахсони сабтшуда дар марказҳои дармонӣ нисбат ба соли гузашта 146 нафар камтар шудааст.

Кормандони Агентии мубориза бо маводи мухаддир пас аз нишасти хабарӣ дар ҳузури рӯзноманигорон дар кӯраи махсус беш аз 200 килограмм маводи мухаддирро сӯзонданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД