Arzon march 2024
ДАР ТОБИСТОН МАЛҲАМ МОЛИДАН ЛОЗИМ АСТ Ё НЕ?
31.07.2021
оила
1292

 

Дар тобистон пӯсти рӯй арақи зиёд мебарорад, аз ин лиҳоз дар пӯст сурхиву рихинакҳо ва яраҳои чиркдор пайдо мешаванд. Зиёд арақ мекарда бошед, рӯятонро бо гиёҳоби чойкаҳак (як қошуқ гиёҳро дар як истакон оби ҷӯшомада дам партофта) шӯед. Шарбатҳои тару тозаи тарбузӣ, ангурӣ, помидорӣ пӯстро покиза мекунанду тароват мебахшанд.

Истифодаи малҳам дар тобистон ниҳоят муҳим аст. Аксарият андешаи ғалат доранд, ки дар тобистон пӯст арақи зиёд мебарораду малҳам сӯрохиҳояшро маҳкам мекунад. Дар асл чунин нест. Пӯсти беравғанмонда арақи бештар ҷудо мекунаду ин боиси хушкшавии пӯст мегардад.

Киҳо малҳам намоланд?

Танҳо бонувоне, ки пӯсти равғанин доранд, метавонанд дар тобистон аз истифодаи малҳамҳои ғизобахш худдорӣ намуда, мушкобҳои то 25% спиртдоштаро истифода баранд. Ин маънои онро надорад, ки бонувони пӯсташон равғанин дар тобистон бояд аз истифодаи малҳам пурра худдорӣ намоянд. Ба ин бонувон маслиҳат медиҳем, ки танҳо аз малҳамҳои сабуки зудҷабидашавандае, ки дар рӯй ҷиллояшон намемонад, истифода баранд. Чунин ҳам мешавад, ки пӯсти рӯй бо сабаби нодуруст интихоб намудани малҳам арақи зиёд мекунад, аз ин хотир дар интихоби малҳам эҳтиёткор бошед. Барои ба хатогиҳо роҳ надодан ин маслиҳатҳои моро ба гӯшатон ҳалқа намоед:

1. Малҳамҳои нармкунанда (увлажняющие) дар ҳама фасли сол сабаби арақкунии рӯй мешаванд.

2. Ба ҳеҷ ваҷҳ малҳамҳои ғизобахши шабонаро рӯзона истифода набаред, зеро ин малҳамҳо дар рӯй ба пардачае мубаддал гашта, сурохиҳои пӯстро маҳкам месозанд ва сабаби арақкунии зиёди пӯст мешаванд.

3. Дар тобистон беҳтараш малҳамҳои дар асоси об омодашударо молед.

4. Малҳамро бо ҳаракатҳои кафкӯбанда, тунук молед, то ки сӯрохиҳои пӯст маҳкам нашаванд.

3 зинаи зебоӣ

Нигоҳубини пӯст дар тобистон бояд аз амалиётҳои поккунӣ, нармкунӣ ва муҳофизат иборат бошад. Муддати мадид зери офтоб қарор доштан пӯстро месӯзонаду сурх мекунад, аз ин хотир рӯйятонро аз нурҳои ултрабунафш, ки ба пӯст таъсири манфӣ мерасонанд, ҳифз намоед.

Дурудароз зери офтоб қарор доштан торҳои коллагении пӯстро вайрон месозад, ҳол он ки маҳз ҳамин торҳо барои ҷавониву чандирии пӯст ҷавобгӯ ҳастанд. Вайрон гаштани ин торҳо боиси пажмурдагӣ ва бармаҳал пиршавии пӯст мегардад, аз ин лиҳоз ҳангоми интихоби малҳами тобистона ба таркибаш диққат диҳед. Хуб мебуд, ки малҳам дар баробари нармкунанда буданаш боз аз офтоб низ ҳифз намояд.

Ба пӯсти атрофи чашм диққат диҳед

Бонувони азиз! Дар фасли тобистон ҳамарӯза малҳам барои пӯсти атрофи чашмро истифода бурдан лозим аст. Малҳам бояд пӯсти нозуки атрофи чашмро ҳифз ва ботароват созад, зеро чинҳои аввалини мимикӣ маҳз дар ҳамин мавзеъ пайдо мешаванду таъсири нурҳои ултрабунафш ин ҷараёнро метезонад. Нигоҳубини пӯстро дар тобистон ҷиддӣ ба роҳ монед. Пардози рӯятонро бо шира (молочко) ё саршир (сливки) тоза мекарда бошед, дар тобистон аз обу мағзоба (пенка) истифода баред.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД