Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки то таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мактаби мусиқӣ сохта мешавад.
Тавре вазир гуфт, айни замон дар Тоҷикистон 85 мактаби мусиқӣ вуҷуд дорад ва дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ то ҷашни истиқлол дар ноҳияҳое, ки мактаби мусиқӣ надоранд, чунин мактабҳо бунёд меёбанд.
Матлубахон Сатториён ҳамчунин ба овозаҳо дар бораи муттаҳид гаштани тамоми театрҳои кишвар дар театри миллӣ равшанӣ андохта, гуфт, ки ин сарусадоҳо ягон асос надоранд.
“Театри миллӣ дар назди Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур таъсис дода шудааст ва фаъолияташ ҷудогона ба роҳ монда мешавад. Ин театр ба Театри Лоҳутӣ, Театри русии ба номи Маяковский ё театрҳои дигар рабт надорад. Онҳо театрҳои алоҳида ҳастанд”,- гуфт вазир.
Тавре масъулини Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, тибқи нақша бинои Театри миллӣ дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли кишвар ва бинои Театри русии ба номи Маяковский аввали соли 2027 ба истифода дода мешаванд.